Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:35

Абдулло Ёров: Хӯрдани пули барқ хиёнат ба Ватан аст

27 июл 2011, 11:00

Қарзи истифодабарандагони нерӯи барқ то имрӯз ба 747 миллион сомонӣ расидааст, мегӯяд Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик».


Ба қавли номбурда, дар ҳоли ҳозир «Талко»-200 миллион сомонӣ, ҷамъияти саҳҳомии «Азот Сарбанд» -6 миллион, «Тоҷик -Азот»- 663 ҳазор, «Тоҷик- кимиё саноат»-и Ёвон 12 миллион сомонӣ, «Комбинати фулузи нодир»-и Суғд 763 ҳазор сомонӣ, корхонаҳои обу корезии  ҷумҳурӣ- 14 миллион сомонӣ, вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об -166 миллион, корхонаҳои вазорати кишоварзӣ -34 миллион сомонӣ, Кони маъдани «Анзоб» -626 ҳазор ва аҳолии кишвар 254 миллион сомонӣ аз ширкати «Барқи тоҷик» барои напардохтани пули истифодаи қувваи барқ қарздоранд. Ба иттилои манбаъ, бештари чунин қарзҳо аз солҳои қабл боқӣ мондааст.   
Зимнан, Абдулло Ёров дар посух  ба саволи хабарнигорон гуфт, дар ҳисоботи оморӣ қайд гардидааст, ки қарзи аҳолӣ ба 254 миллион сомонӣ расидааст, вале дақиқ маълум нест, ки  кадом муштарӣ чӣ қадар қувваи барқ истифода бурдааст, чанд сомонӣ қарздор аст ва суроғаашон низ мушаххас нест. Ӯ мегӯяд, бинобар ин руёнидани чунин миқдор қарз аз аҳолӣ мушкил аст. Тибқи иттиллои масъулини ширкати барқи тоҷик дар 6 моҳи ахири соли равон ҳаҷми қарзи истифодабарандагони нерӯи барқ аз ин ширкат ба 47 миллион сомонӣ расидааст. Абдулло Ёров роҷеъ ба масъалаи таъмини аҳоли ба нерӯи барқ дар замистони дарпешистода иброз дошт, ки ин масъала 60% аз табиат вобастагӣ дорад ва онҳо барои ҳалли ин масъала кӯшиш хоҳанд кард. Шафофияти фаъолияти кори нозирони барқ бошад, аз мавзӯъи дигари баррасишаванда дар ин нишасти матбуотӣ буд. Ҷаноби Ёров дар робита ба ин масъала гуфт: «Роҳи осонтарини кор барҳам додани фаъолияти нозирони барқ аст, хуб мешуд, агар мардум бе муроҷиати нозирон худашон омада  маблағи барқро супоранд.Мо ба нозиронамон дарс медиҳем ва ҳатто ба онҳо гуфтаем, ки маблағи барқро хӯрдан ин хиёнат ба Ватан аст».  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!