Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:01

Ройтерз: Эҳтимоли таҷдиди равобити Амрико- Эрон, Исроилро рангпарида кардааст

25 сентябр 2013, 17:09

Ҳамзамон бо ташдиди гумоназанӣ дар бораи дидори эҳтимолии раисони ҷумҳурии Эрон ва Амрико дар маҷмаъи умумии Созмони милал, режими саҳюнистӣ дарбораи ин дидор ибрози нигаронӣ кард ва даъво кард, ҳадаф аз ин дидор, пешбурди барномаи ҳастаии Эрон аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” ба нақл аз пойгоҳи хабарии *Ройтерз*, режими саҳюнистӣ рузи сешанбе дар бораи дидори эҳтимолӣ байни раисони ҷумҳури Эрон ва Амрико дар нишасти солонаи маҷмаъи умумии Созмони милал ибрози нигаронӣ кард ва муддаӣ шуд , ки Теҳрон аз оштӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ, ба унвони тарфанде барои пешбурди барномаи ҳастаии худ истифода мекунад.

Бар асоси ин хабар дар ҳоле, ки мақомоти амрикоӣ эълон кардаанд, ки ин дидор байни Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар ҳафтаи равон дар Ню Йорк имкон пазир аст ва ин дидор нуқтаи чархише дар равобити миёни ду кишвар баъд аз гузашти беш аз се даҳа, маҳсуб мешавад. Исроил даъво мекунад ки агар қудратҳои ҷаҳонӣ аз таҳримҳои Эрон ва истифода аз иқдоми низомӣ алайҳи Эрон ақибнишинӣ кунанд, дастёбии Эрон ба бомби ҳастаӣ суръат пайдо мекунад.

Бар асоси ин хабар, Ювол Стинитз, вазири Исроил, ки намояндагии ин режим дар Созмони милалро бар уҳда дорад, дар мусоҳибае бо радиои артиши Исроил, дар посух ба ин савол, ки оё дидоре байни Обама ва Руҳонӣ баргузор хоҳад шуд ё на, гуфта аст, умедворам ин тавр набошад, намедонам, аммо ҳақиқатан ончи аҳамият дорад, завоҳирӣ нест, балки иқдомоти муҳим ҳастанд ва муҳимтарин чиз дар ин байн қатънома аст.

Ин мақоми саҳюнистӣ дар идома гуфтааст, ки умедворем, ки тамоми ҷаҳон ва ба хусус Амрико, дар вокуниш ба Эрон бигӯянд, ки то замоне, ки онҳо рафтори худро тағйир надиҳанд ва дар робита ба барномаи ҳастаиашон имтиёзи воқеӣ надиҳанд, таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи онҳо идома хоҳад дошт ва агар зарурат пайдо кунад, таҳдиди низомӣ низ ба таҳримҳо илова хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!