Бахшҳо

Маҳмадалӣ Ҳайит: “Ба баргузории як интихоботи шаффоф бовар надорем!”

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), маъсулони Кумисюни марказии интихоботро барои мутеъ буданашон ба ҳукумати кунунӣ муттаҳам кард. Ӯ дар ҷаласаи Кумисюни марказии интихобот, ки бо ҳузури намояндагони аҳзоб рӯзи 25-уми сентябр баргузор шуд, дар ин бора ҳарф зад.

Оқои Ҳайит барои асоснок кардани фикраш гуфт, “гумон доштем, номзадҳо дар ҷамъоварии имзо бо мушкил рӯбарӯ намешаванд. Аммо чунин нашуд. Мо аз рӯзи аввали ҷамъоварии имзоҳо дар баъзе ноҳияҳо дучори мушкилҳои зиёд шудем.”

Муовини раиси ҲНИТ дар хитоб ба мақомоти КМИР гуфт, “Шумо ҳар чиз ҳам, ки гӯед, аммо ман рӯирост мегӯям, ки Шумо мустақил нестед. Чаро, ки ваъда дода будед, ба монеаэҷодкуниҳои баъзе раисону масъулини ноҳияҳо дахолат мекунед аммо то имрӯз аксарияти мушкилоти ҷойдошта ҳалли худро пайдо накардааст. Гузашта аз ин, дар ҳамаи комиссияи ҳавзаҳо аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон нишастаанд ва маълум аст, ки онҳо барои кӣ хизмат мекунанд. Мо ба шаффофу демократӣ гузаштани интихобот бовар надорем!”

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, ин иддаои Маҳмадалӣ Ҳайитро рад карда ва гуфт, “комиссияи ҳавзаҳо на ҳамаашон аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистонад, балки аз доираи гуногуни ҷамъият интихоб гардидаанд. Мо ба ҳизбияти онҳо таваҷҷуҳ накардаем.”

Ҷаноби Шоҳиён афзуд, мувофиқи иттилое, ки ба Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ расидаанд, дар раванди ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандон баъзе монеа эҷодкуниҳо ва проблемаҳо пайдо мешаванд: “Роҳбарияти КМИР дар якҷоягӣ бо мутасаддиёни азҳоби сиёсӣ барои пешгирӣ кардани чунин ҳолатҳо тамоми тадбирҳоро меандешад.” Раиси Кумисюни марказии интихобот гуфт, онҳо бо раисони ноҳияҳо сӯҳбат мекунанд, то барои ҷамъоварии имзҳо бо гуруҳҳои ташаббускори ҳизбҳои сиёсӣ ҳамкорӣ намоянд.

Дар ин ҷаласаи Кумисюни марказии интихобот дар баробари намояндагони азҳоби сиёсӣ масъулини мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти даъватӣ низ иштирок доштанд. Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, ҳадаф аз ин ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҷамъоварии имзо буд, ки дар изҳороти расмии яке аз номзадҳо ба мансаби президент тавассути воситаҳои ахбори омма таъкид шудааст.
Мӯҳр
Сангак
Шоев аз Худо тарс ва дар рохи хак бош.

Хуросони
Расиси нохияи Хуросон то хол хамаи варакахои имзогузории ба тарфдории О.Бобоназароваро имзо накардааст, имруз факат ба 25 ададди он имзо гузоштаасту гуфтааст, ки ба дигаронаш имзо намегузорад. Раиси Кмир гуфтааст ки на хама аъзои хавзахо аъзои ХХДТ хастан, ин маънояш он аст, ки яъне хаст ва агар як нафар хам бошад, пас чаро аз хизбхои дигар хам як нафари нагирифтед? чаро мардуми худро фиреб мекунед, чаро ба раъйи мардум хиёнат мекунед? Охир ин мансабхо аз сари хамаатон мемонад!

Сафаров
Ракобатхои носолим алакай шуруъ шудаанд ин интихобот хам мисли интихоботхои пешин мегузарад

дар нохияи рудаки калхози рохати аз хазир паспортои одамонро чамъ доранд барои ххдт инак кучост интихоботи озоду шаффоф?

Матин
Офарин бародар Мухаммадали!
Дар ин замон каманд одамоне ки руирост нотарсида хаккро мегуянд. Афсус ки аксар хислати лагандбардориро пеша карда Худоро фаромуш кардаанд.
Худои азизу мехрубон Илохи шуморо дар панохаш нигахдорад!

intikhobat misli peshina meguzarad

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)