Бахшҳо

Поёни "мӯъҷиза"-и табдил шудани Алифмо ба "писар"

“Мӯъҷиза”-и табдил шудани Алифмо Каримова, сокини ҷамоати Кабуд Сайфиддинови ноҳияи Панҷ ба писар, дурӯғ баромад. Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 25-уми сентябр бо пахши як барнома овозаҳо дар бораи ин “муъҷиза”-ро беасос хонда, гуфт, ин духтар дар пайи гирифторӣ ба васвасаҳои зиёди орзуҳояш ба ин ҳолат дучор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, баъд аз паҳн шудани ин овозаҳо як гуруҳ аз ҷониби кормандони ҳукумати маҳаллӣ, духтурон ва донишмандони улуми исломии ин ноҳия таъсис дода шуда, баъд аз муоинаи тиббӣ ба хулосае омадаанд, ки ин “муъҷиза” дурӯғ буда, Каримова бо бастани баъзе аз ашё ба баданаш худро писар нишон медодааст.

Равоншинос ва яке аз аъзои гуруҳ гуфт, баъзан инсон ҳангоме ки зери васвасаи зиёди орзуҳои худ фурӯ мемонад, даст ба ингуна иқдом мезанад. Худи ин духтар, Алифмо Каримова мегӯяд, ба хотири шунидани бархӯрд ва вокунишҳои ҷомеа ба ин қазия даст ба чунин иқдоме задааст: “Чун дар хона худам танҳо мондам, гуфтам, кань боре чунин кунам чӣ мешавад.”

Ба гуфтаи Каримова, падару модари ӯ ҳангоми шунидани ин хабар аввал дар ҳайрат монда, сипас аз ночорӣ ва азбаски ба онҳо иҷоза намедодааст, ӯро муоина кунанд, бовар кардаанд: “Онҳоро намемондам, ки маро бубинанд, мегуфтам дар хоб ба ман амр шудааст, то ба касе худро нишон надиҳам.”
Мирзомурод Каримов, падари Алифмо, мегӯяд, баъд аз он ки духтараш гуфтааст, хоб дидаву низ дар духтур барояш гуфтаанд, ту писарӣ бовар карда, духтари худро ба сартарашхона мебарад. Мӯи сарашро мисли писарон паст карда, аз бозор ба ӯ либосҳои бачагона харидааст. Вай мегӯяд, ҳатто ният дошт бо баргузории як маърака номи духтарашро аз Алифмо ба Абӯбакр табдил диҳад.

Сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Панҷ мегӯяд, аз аввал дурӯғ будани ин овозаҳоро дониста, дар ин қазия волидайни Алифмо Каримоваро гунаҳкор меҳисобад: “Дар таърихи Ислом ягон бор чунин ҳолат рух надодааст ва Худованд чун занро медонад, ки рисолати занонаро анҷом дода метавонад, ӯро зан меофарад ё худ мард ҳам ҳаминтавр. Инҷо айби падару модар аст, ки бояд ин духтарро бо пӯшидани либосҳои духтарона машғул менамуданд. Шояд ин духтар ягон ҳавасаш омадааст ё пул ҷамъ кардан мехост.”

Ахиран овозаи табдили духтари 19-сола ба писар дар ноҳияи Панҷ паҳн гардид, ки ин ҳодиса садҳо сокини ин минтақаро ба ҳайрат гузошт. Қаблан чанде аз сокинони Панҷ бо “Озодагон” тамос гирифтаву гуфтанд, ин ҳодиса ҳанӯз ду моҳи қабл, дар Шаби Қадр, иттифоқ уфтода, вале ин духтар аз шарм то ҳоло худро пинҳон медоштааст.

АЛИФМО КАРИМОВА ДАР ЛИБОСИ ДУХТАРОНА ВА ПИСАРОНА:

Поёни "мӯъҷиза"-и табдил шудани Алифмо ба "писар"

Поёни "мӯъҷиза"-и табдил шудани Алифмо ба "писар"
Мӯҳр
дар чахон боз ягон кавме бошад ба ин андоза содагиву зудбовари. Бо чунин мардум агар хохиш бошад дар як мудати кутох коинотро кашф ва фатх намудан имкон дорад.

ҲАМА ДУХТАРОЯ ШАРМАНДА КАРДӢ БА ХУДАТ ДИЛАТ НАСУХТ, АҚАЛЛАН БА ПАДАРУ МОДАРАТ ДИЛ МЕСУХТ АКНУН ТУ ДЕВОНАРО КӢ БА ШАВҲАРӢ МЕГИРИФТА БОШАД БА ФИКРАМ ҲАМА ПИСАРҲО АЗ ТУ БЕЗОРАНД

Мушохид
Ба падарони духтардор гуфтаниам, ки баъзан амалу кори духтарро ба часорати писарона доштан ва хислаташро низ ба чавонмард ташбех дода таърифаш мекунем то он ки натичааш чунин нашавад духтари болигро ба шавхар дихед

Рустам
САОДАТ,
Саодат ту аз аввал бовар карда буди ку. ба соддаахволи ва бесаводии ин точикхо дилам месузад

ш.Душанбе
Вой бархолатон мутахассисони Хатлони ба гапхои занакои лаби об бовар карда шарм надошта гурухи мутахасисонро ташкил намуда дар охир ташхисхам гузаронида кайд менамоед, ки бо бастани баъзе аз ашё ба баданаш худро писар нишон медодааст.

777
Мучиза худи мо яъне мардуми точик хастем,ки ба як оваза бовар карда ,хонаи ин духтаракро кариб,ки ба каъба табдил дихем... Магар бо ин фаросату акли мо интихобот,и шафоф,ислохоти иктисоди .ба дастовардхои илуму техника дастрас шудан мумкин аст... Боз ориёи гуфта,хуб худаммонро таъриф мекунем...
Точикиам ман, точикам ман, точикам....

Мардуми мо маън ба ишорае хастанд вакте хато ё камбудие аз тарафи кас бинанд дархол санги маломат ба суяш мепартоянд.Хол он,ки одами бе хатоги намешавад.баъзе аз журналистхои мо мисли бузхои хабаркашанд пас чи гуна мо ба навиштахои онхо бовар кунем чанде пеш бо овози баланд эълон карданд ки муъчизае рух додаст.имруз мегуянд,ки дуруг аст.Худ бигуед кадомашро бовар кунем чаро нодидаву носанчида маводеро ба нашр мерасонед чаро мардумро шур меандозед бояд каме андеша кунед ва халки бечораро дар хайрат нагузоред бо ин рафтори кур куронаву бесаводонаи худ.

Ки вай номаълум
Типа бача вроде дхтар хахахах )))))))

Типа бача вроде дхта хахахах ))))

Алифмо гапи одамора гуш накун корта давом те. Бизнеса вайрон накунХушбахт,

файзиддин
Худованди мутаъол чамиъи хохарони исломии моро аз васвоси шайтони алайхи лаъна дар панохи мубораки худ нигахбон бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)