Бахшҳо

"Телевизионҳо ба минбари тарғиби фаҳшу фуҷур табдил ёфтаанд"

Се созмони журналистии Тоҷикистон рӯзи 25-уми сентябр бо пахши як изҳорот барномаҳои охири шабакаҳои давлатии телевизионӣ, аз ҷумла “Баҳористон”-ро дур аз меъёрҳои касбии журналистӣ хонда, аз раҳбарияти кишвар талаб кардаанд, ба ин масъала баҳои ҳуқуқӣ диҳад.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Шӯрои васоити ахбори омма ва Медиа-Алянс мегӯянд, вақтҳои охир шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон, бахусус шабакаи кӯдаконаи «Баҳористон» ба намоиши барномаҳое иқдом кардаанд, ки обрӯ, шаъну эътибор ва иффату фарҳанги миллӣ ва имиҷи Тоҷикистонро дар назари шаҳрвандони кишварҳои дунё поин бурдааст.

Ба гуфтаи ин се созмони журналистии Тоҷикистон, кормандони эҷодии шабакаҳои давлатии телевизиони кишвар «оинаи нилгун»-ро ба як минбари ташвиқу тарғиби фаҳшу фуҷур табдил додаанд: “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро низ сарфи назар намудаанд.” Дар ин изҳороти созмонҳои мазкур омадааст, намоиш додани филми “Пойбанди нафрат” аз тариқи шабакаи телевизионии “Баҳористон”, шабакае, ки ба кӯдакон бахшида шудааст, аз ғайрикасбӣ ва қонуннописандии дастандаркорони шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон мегӯянд, қазияи дар филми мазкур ба навор гиифташуда дар ҷомеаи тоҷик ҳамеша маҳкум шудаасту хоҳад шуд: “Вале шабакаҳои давлатии Телевизион, аз ҷумла «Баҳористон», бо намоиш додани чунин барнома меъёри конститутсионии дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуҳои фитрии инсон, ҳаққи қонунии кӯдакон ва наврасон оид ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, маҳрамона будани асрори ҳаёти кӯдакон ва амсоли онҳоро дағалона поймол намуданд.”

Журналистҳои тоҷик афзудаанд, намоиш додани чунин барномаҳо дар арафаи маъракаи интихоботи президентӣ, мақсади муайяни сиёсӣ дошта, бар зидди рақибони сиёсӣ равона шудааст: “Дар ин росто, баҳри расидан ба ҳадаф, ба бозиҳои сиёсӣ кашидан ва ё истифода бурдани кӯдакону наврасон тангназарӣ ва камоли ноҷавонмардист. Ин дар ҳам ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи идонаи бахшида ба 22-юмин солгарди истиқлоли кишвар аз ҳамаи он довталабони эҳтимолие, ки номзадии худро гузоштанианд, даъват намуд, то “фарҳанги волои сиёсиро риоя карда, ин маъракаи муҳимро ба майдони моҷароҷӯӣ ва ҳангоматалабӣ табдил надиҳанд.”

Маврид ба зикр аст, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 20-уми сентябр филми вижаи “Пойбанди нафрат”-ро намоиш дод, ки дар бораи куштори Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола аз сӯи Сомон Муҳаббатови 20-сола ҳикоят мекунад. Ин ҳодиса моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт иттифоқ уфтода, гумонбар ин навраси 8-соларо баъд аз задани 10-12 кордча ба пушташ, ба номуси ӯ дастдарозӣ мекунад. Дар ин филм асосан Сомон Муҳаббатов дар бораи чигуна ба қатл расондани Абдусалом ва таҷовуз шуданаш аз сӯи баъзе “мударрисон” қисса мекард. Вай дар ин навори видеоӣ худро донишҷӯи курси сеюми факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва узви Ҳизби наҳзати исломӣ муаррифӣ намуд.
Мӯҳр
Инсон
Хайрият якчанд одами зинда будааст дар кишвари бесохиби мо!

овозаву бардуругихои сохтакорон то ба кай? одами солим ба чунин киссаву овозахо бовар карданаш гаири имкон.

Салом. Рости намоиши охири "Пойбанди нафрат" ва суханхои Сомон набояд ба омма расонида мешуд. Шармам омад, наход инсон ба ин хад бешарми рох дихад!? Фарзандон, зану модари Рохбарон ва кормандони ТВ-хои Точикистон оё ин филмро диданд, наход то ин дарача бехаё шуда бошем БА ХУДО ШАРМАМ ОМАД АЗ ИН РАФТОРИ ШУМО МАСЪУЛИН, ЭЙ ХУДО НАЧОТ ДЕХ МОРО АЗ ИН ВАРТАИ БЕШАРАФИ, БЕХАЁИ ВА МАНСАБХОХИ КИ БА ИН ХАД КОРХОИ ПАСТ РОХ ДОДЕМ. Фаромуш набояд кард хар амали мо назора мешавад ва хар яки мо посухгуи амали худ назди Худованд хастем. Ман хамчун як инсон, як точик ва як мусалмон ИН НАМОИШ ВА БА ИН МОНАНД БАРНОМАХОРО ДАР ТВ МАХКУМ МЕКУНАМ ВА ТАКОЗО АЗ МАСЪУЛИН МЕКУНАМ ТО ДИГАР БА ИН БЕХАЁ РОХ НАДИХАНД. Бо у меди тавфик!

Бинанда
Бояд раиси Садо ва симо истеъфо дихад, наход барои ракобати сиёси шуда миллатро тахкир кунанд. Бечорахо дар остонаи интихобот аз тарс дигар намедонанд чи кор кунанд. Касрхову мошинхои чипу лексусашонро аз даст додан намехоханд, . Бечорахо агар аз мансаб раванд охиста охиста бояд хамаи ин чавохироти худро фурушанду худро аз чанги мардум начот диханд.

Хамту
Дар аввал одобу рафтори хешро хар кас бояд донаду аз беодоб будани хеш наранчад. Сипас хамаи Шумо кормандони ба кавле ВАО хастед оиннаи давлат, миллат, кавм, начот ва гайрахо. ВА ба кавли худатон инъикос кунандаи пешрави хастед, на камбудии якдигарар ва аз чониби дигар мардум худ медонанд, ки ки чи мегуяд ё намоиш медихад, чи таблиг мекунад,чи дуруг мегуяд, чи вохима мекунад ва гайрахо.

тoчик
ин филм заъфи фарханги ва сиесй р0 ни шон медихаду халос.фикр мекунам гунахкор будан е набуданро суд бояд муаян кунад на як навор.

Рустам
Мардум, ман шуморо намефахмам. Чи магар ба хамин дарача чохил шудаед, ки хатто кирдори дахшатнок, чинояти вазнин ва бо чунин вахшоният кушта шудани як кудаки ноболигро бофтаю сохта мепиндоред. Пойдевори нахустини ин чинояти мудхиш дар кучо гузошта шуд? Дар мадраса. Аз он ки чашмони Сомон сарду бенуранд, у гунахгор нест. Гунахгор ана хамон муллое аст, ки уро бори аввал дар тагхона тачовуз карда буд. Ба ин чи мегуед? Рост, дар ТВ Бахористон бояд ин филмро нишон намедоданд. Аммо худи чиноят хаст, шахси чиноятро содирнамуда аз кардааш пушаймон дар махбас аст. Шумо бошед, харзагуи мекунеду аз "аз пашша фил месозед". Сомонро сафед кардан нишони аблахи аст!!!!!! Руху арвохи Киёмидин чунин ашхосро намебахшад.

в
Рустам

Гапро ба дигар чой набар. Хеч кас шубха надорад, ки Сомон ин амалро кардааст. Лекин суханхои у дар бораи аз тарафи муддарисон тачовуз шуданаш ва аъзои ХНИТ буданаш дар зери фишор гуфта шудаанд. Инхо гапхои дуругу тухмат хастанд ва уро мачбур кардаанд ки ин суханонро гуяд. Ба фикрам ту кудак нести ки сиехро аз сафед фарк накуни. Агар ту бефахм боши, дигар мардум хама мефахмад, ки гап дар кучост. Инро ракобати носолими сиеси ва бефархангии сиеси меноманд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)