Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:26

АКС: “Сикво”-и шинондаи президентро барканданд

26 сентябр 2013, 08:36

Яке аз сиквоҳои калифорнӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳи марти соли равон дар назди бинои нави Вазорати умури хориҷӣ дар маркази Душанбе шинонда буд, хушк гардида, ахиран барканда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон 15-уми марти соли равон, дар рӯзи ифтитоҳи бинои нави Вазорати умури хориҷӣ бо ҳузури собиқадорони дипломатияи тоҷик, ду дарахти 50-солаи сиквои калифорнӣ шинонда буд, ки гуфта мешуд, ин дарахтони бузургҷусса зиёда аз 3 ҳазор сол умр мебинанд. Айни ҳол аз ин дарахтон танҳо яке сабз шудаасту халос.

Ин дар ҳолест, ки чунин дарахтони хориҷиро раисиҷумҳури Тоҷикистон имсол инчунин дар назди Кохи Борбад низ шинонда буд, ки хушк шудаанд.

Дар Тоҷикистон хушкшавии дарахтон, ки ҳамасола даҳҳо ҳазор адад шинонда мешавад, ба як мушкили мубрам табдил ёфтааст ва таъкид мешавад, ки аз омори расмӣ дар мавриди теъдоди дарахтони шинонанда, танҳо қисми камаш сабз мешаванду халос.


АКС: “Сикво”-и шинондаи президентро барканданд

АКС: “Сикво”-и шинондаи президентро барканданд

АКС: “Сикво”-и шинондаи президентро барканданд

АКС: “Сикво”-и шинондаи президентро барканданд


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мавлон

  • 26 сентябр 2013 08:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳайф, нигоҳ накардиянд, ба назарам харҷи зиед карда ин дарахтро оварда будаанд. Агар боғбон надошта бошанд, бо навбат ҷавонони вазорат метавонистанд ки каме об бурда мерехтанд инчунин аз гармои бад эҳтиет мекардандаш.
Посух додан
  • Бананда

  • 26 сентябр 2013 08:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охир инхо ин дарахтонро ба он хотир мешинонанд, ки эътикод доранд мисли ин дарахтон умри хукуматашон дороз мешавад, вале дарозии хукумат вакте амали мешавад, ки ба мардум хидмат куни. Хукуматое ки дар таърих ба мардум хидмат кардаанд, агарчи як сол хам сари кудрат будаанд то холо мардум онхоро дуст медорад, вале хукуматхое мисли хукумати точикистон агар сад сол хам умр бинанд ин дарозии умрашон факат бар зарари худиашон ва низ мардум аст.
Посух додан
  • djdsh

  • 26 сентябр 2013 11:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сад нобути дарахтхо миллат хушк мешавад оянда
Посух додан
  • Мардон

  • 26 сентябр 2013 13:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
djdsh,
Як ҷаҳон ташаккур барои ибрози назари олиат!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Tamomi dunyoro ham koband az darakhtoni Tojikistoni zebotar nameyoband....Dar naqli in darakht va kharidanash chand million dollar rafta boshad ?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!