Бахшҳо

Мақомот чаҳор масҷиди панҷвақтаро чойхона карданд

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд 4 масҷиди панҷвақта ба чойхона табдил дода шудааст. Акмалҷон Эркабоев, намояндаи Кумитаи дин дар ҷамоати Ориёни ноҳияи Ашт, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз 8 масҷиди ин ҷамоат танҳо 4-тои онҳо аз қайди давлатӣ гузашта, боқимонда ҳамчун чойхона ба қайд гирифта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз сокинони ҷамоати Ориён, ин чаҳор масҷид аз тарафи раҳбарияти ҷамоати мазкур иҷборан ба чойхона табдил дода шудааст. “Ин масҷидҳоро раиси ҷамоат худсарона бо тариқи зӯрӣ барои чойхонаи деҳа додааст”,-гуфт як сокини Ориён, ки нахост номаш ифшо шавад.

Дар чанд соли охир мақомот аксар масоҷиди панҷвақтаеро, ки ба унвони ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият доштанду аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, ё ба дарашон қуфл зада ва ё ба чойхона табил дода буданд. Аммо намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, онҳо ҳаргиз талош намекунанд, як масҷиди ободу расмиро ба чойхона ва ё ягон идора табдил диҳанд.

Баръакс, ба гуфтаи Солеҳ Завқибеков, сардори Раёсати иттиҳодияҳои диниии Кумитаи дин, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 64 масҷиди нав дар қаламрави кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки озодона фаъолият доранд.
Мӯҳр
мусалмон
Дар чойхона чойнушиву сухбат то замони марги зудраси чойнушонаш аст.Аммо намоз тушаи гаронмояи охирати эшон аст.Биноан, бигзор Раиси чамоат ва кормандони сарсупурдаи Кумитаи 'дини' назди ХЧТ, ки аксари дархои масочидро баста истодаанд дар утокхои кориашон то лахзаи фаро расидани газаби Худо болояшон, чойчушониву чойкашиву чойнушй кунанд!!!

Магар масочидро ки ХОНАИ ХУДОВАНД ДАР РУИ ЗАМИН АСТ ВА БАР АХЛИ ОСМОНХО НУР МЕДИХАД мумкин аст чои чойнушиву сухбатхои бехудаи дуняви карор дод??? Назари банда ин аст ки худи хамон раиси чамоа нахостааст саршумории масчидхо зиёд бошад. Зеро ё у худ дар хондани намозхо шикебои мекунад ё одамони аз у болотар. Ё намехоханд сафи намозгузорон зиёд бошад???

Каримхон
Худоё, ҳаркасе ки бо дину шариати ту душмани дорад дар дунё ва охират русиёҳ, расво, залил гардон. ОМИН.

Dev
Hele hub kardast , hamun raisi nohiya !Kandata zan mardaki hub ! Chi lozim sara ba zamini masjid zadan dar holate ,ki dil dar havoi duhtari hamsoya raks doradu kajfiyat ba firebu yagmogari mashgul ast !

Хакикатгуй
Ман хохиш мекардам хар як шахсе, ки фикри худоро оиди ин масъала менависад у бояд ба худ савол дихад ки худи у чи кор кард барои дин ва барои ободии ин диер . Хар хел гапхои дуругро нисбати давлату хукумат нагуяд. барои он , ки яке аз одатхои баттарин хисобида мешавад дар Дини мубини ислам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)