Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:40

Даъвати бародарона аз аскару муллову муҳандис (ВИДЕО)

26 сентябр 2013, 09:06

Барои таблиғи Одобномаи корбарони Интернет аниматсияе якҷоя бо таронаи рэп омода шудааст.

Одобномаи корбарони Интернет ё худ Одобномаи шаҳрванди электронӣ аз сӯи як гуруҳи коршиносони муташаккил аз воҳидҳои сохтори Дастгоҳи иҷроияи президент, Хадамоти алоқа, Ассотсиятсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон, таҳия шуда, ҳадаф аз он риоя шудани меъёрҳои одоби ҳаёти воқеӣ дар ҳаёти виртуалӣ мебошад.

Дар ин тарона таъкид шудааст, ки риояи меъёрҳои ин одобнома ҳангоми муошират бо телефони мобилӣ, шабакаи ҷаҳонӣ ва татбиқи дигар техникаҳои иттилоотию комуникатсионӣ ҳатмӣ мебошад. Сарояндаи он аз шунавандаҳои худ хоҳиш менамояд, ба рафтору гуфтори худ аҳамият дода, барои ба миён овардани як ҷомеаи солим саҳмгузор бошанд:

“Ҳамватани ман,
Хоҳару бародари ман,
Аскару мулло,
Муҳандис,
Донишҷӯ ё афсар,
Агар хоҳед, ки мардум набошад беадаб,
Ҳар чӣ менависӣ ба рӯзу мегӯӣ ба шаб,
Дар кӯчаю дар хона, дар мошину дар мактаб Берун набошад аз одобу адаб...”


Дар ҷои дигар даст кашидан аз маҳалбозиву милатчигӣ таъкид шуда, халал нарасонидан ба атрофиёни худ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ хоҳиш карда мешавад:

“Ҳамаи мо одам ҳастем,
Бикун фикри фардоро,
Чӣ лозим милатчигӣ,
Гуфтан: Ту кофиру ман мусулмон.
Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ садои хандаатро бикун каме поин,
Ки дигарон нагӯянд, маданияташон хеле поин.... Агар мусиқӣ гӯш дорӣ,
Бимон гӯшмонак дар гӯшат, то халал нарасонӣ ба дӯстонат...”


Маврид ба зикр аст, ки қаблан Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет, аз таҳия шудани чунин як одобномае хабар дода буд. Ӯ гуфта буд, тарҳи одобномаро ба гуруҳи корие, ки зери котиботи Шӯрои оид ба ТИК-и назди раисиҷумҳури Тоҷикистон фаъолият доранд, пешниҳод кардаанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз дастгирии мунтазами Шумо сипосгузорам!
Посух додан
  • Dilshod

  • 26 сентябр 2013 12:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Baroi nasihat kardan ba mardum yagon matni mantiqi nayofted? Odami gushkardagi az xandara memurad)))

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!