Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:34

Таъхир дар эълони ҳукми омилони ҳамла ба манзили Алимардонов

26 сентябр 2013, 10:23

Додгоҳи олии Тоҷикистон замони эълони ҳукми омилони ҳамла ба манзили Муродалӣ Алимардон -- муовини нахуствазир ва собиқ раиси Бонки Миллиро ба таъхир гузошт. Дар ҳоле ки, қарор буд, ин ҳукм рӯзи 26-уми сентябр эълон шавад.

Шодӣ Холов, котиби парванда, ба хабарнигорон гуфт, ин тасмимро раисикунанда Мирзо Каримов гирифтааст, вале маълум нест, кай ҳукми омилони ҳамла ба манзили Муродалӣ Алимардонро эълон хоҳанд кард. Ҳамла ба манзили Муродалӣ Алимардон дар ҳашт соли пеш, дар замони раиси Бонки Миллӣ будани ӯ, шаби 29 ба 30-юми июни соли 2005 дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Ноҷии болои ноҳияи Ҳисор, рух додааст. Он вақт мақомот гуфта буданд, афроди мусаллаҳ тақрибан 9 ҳазор доллар, 500 сомонӣ, миқдоре аз ҷавоҳирот ва як автомобили хидматии раиси Бонки Миллиро ба яғмо бурданд.

Ҳоло бо иттиҳоми дуздӣ ва қатли посбони хонаи Муродалӣ Алимардон 3 нафар – Умед Насриддинов, Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев боздошт ва дар курсии айбдорӣ нишастааст. Гуфта мешавад, нафари чаҳорум, ки аз ӯ Қобил Улуғов ном бурда мешавад ва гӯиё маҳз ӯ ба қатли посбони манзили падари Муродалӣ Алимардон даст задааст, айни замон ба мақомоти тафтишотӣ дастрас нест ва дар ҳоли фирор қарор дорад. Баррасии парвандаи ин се нафар беш аз як моҳ боз дар додгоҳ идома дорад ва намояндаи додситонӣ аз додрас хостааст, то муттаҳамонро аз 23 то 25 сол равонаи зиндон кунад.

Аммо худи Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дар як гуфтугӯи вижа бо “Озодагон” гуфт, ҳарчанд аз ин мурофиа хабар дорад, аммо боре ҳам дар он иштирок накардааст ва аз додгоҳ ҳам талабе надорад. Вай афзуд, омилони ҳамла ба манзилаш дар ҳашт соли пешро ба дасти қонун додгоҳ супурдааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!