Қазоқистон: “Шикор”-и муҳоҷирони ғайриқонунӣ
Марзбонҳои Қазоқистон дар пайи як амалиёти муштарак беш аз 300 нафарро бо иттиҳоми нақзи будубош боздошт кардаанд.
Ба иттилои расонаҳо, кормандони нуқтаи назорати марзии «Остона» ҳамроҳ бо намояндаҳои пулиси муҳоҷират аз заводи «Алит», бозори «Шанхай» ва қаҳвахонаи «Тайказан» наздики 140 нафарро дастгир кардаанд, ки беш аз 112 нафарашон шаҳрванди Узбакистон, 14 табааи Қирғизистон ва 12 тан аз Туркия будаанд.
Наздик ба 90 муҳоҷири дигарро дар отряди сарҳадии Сариагаш дастгир намудааст. 60 шаҳрванди дигари Узбакистонро бошад, марзбонҳо дар наздикии рустои марзии «Оишабибӣ» боздошт кардаанд. Дар отряди марзии Жетисай 30 нафари дигар дастгир шудааст.
«Ҳамаи дастгиршудаҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Бештари онҳо ҳеч санаде дар даст надоштанд»,- хабар медиҳад манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |