Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:32

Сабаби марги Сӯҳроби Сафарзод сактаи қалб набудааст

27 июл 2011, 11:59

«Амфитамин» ё худ як ҳаб, ки дар таркибаш миқдори ками маводи нашъадор мавҷуд аст, бойиси марги овозхон Сӯҳроби Сафарзод шудааст.


Ин нуктаро имрӯз Бахтиёр Алиев, ҷонишини шӯъбаи тафтишотии агентии назорати маводи нашъадор изҳор дошт. Номбурда зимни нишасти хабарӣ гуфт, 3-уми июни соли 2011 аз прокуратураи генералӣ парвандаи марбут ба марги сарояндаро гирифта мавриди тафтиш қарор додаст. «Маълум шуд, ки шаби 10-уми декабри соли 2010 ҷасади шаҳрванд Сӯҳроби Сафарзод ба маркази миллии тиббии Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ шаби 9-ум ва 10-уми декабри соли 2010 дар манзили истиқоматии Сабзалӣ Ҳайдаров, воқеъ дар кӯчаи Испечак -2, бинои 1, ҳуҷраи 25 дар ҳолати мастӣ вафот кардааст. Тибқи хулосаи ташхиси судӣ марги Сӯҳроби Сафарзод дар натиҷаи заҳролудшавии шадиди бадан аз ҳисоби дорувории амфитамин ба вуҷуд омадааст», афзуд Алиев. «Аз хуни Сӯҳроб чанд миқдор спирти этилӣ низ дарёфт шудааст».  

Дар рафти санҷиши прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муайян шуд, ки Сӯҳроби Сафарзод ҳамроҳи рафиқонаш ба яке аз марказҳои дилхушии Душанбе рафта он ҷо нушокиҳои спиртӣ нӯшидааст. Аммо касе аз ҳамроҳонаш намедонад, ки Сӯҳроб маводи синтетикиро дар куҷо истеъмол кардааст. Соати 4:30 овозхон дар ҳолати мастӣ ба хонаи шиносаш  Сабзалӣ Ҳайдаров рафтааст. Субҳи 10-уми декабари соли 2010 вақте ӯро аз хоб бедор карданӣ мешаванд, нафас намекашидааст», - афзуд Бахтиёр Алиев.
Ба қавли номбурда, тафтишот маълум накардааст, ки Сӯҳроби Сафарзод маводи синтетикиро аз куҷо дарёфт кардааст.Ҳамсари Сӯҳроб -Майрам Давлатова ва модараш Хайринисо Шаропова дар марги овозхон касеро гунаҳкор намеҳисобанд. Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 28-уми декабри соли 2010 қарор дар бораи рад намудани оғози парвандаи ҷиноиро баровардааст.

Ёдовар мешавем, қаблан сабаби марги овозхони 30-соларо табибони беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло сактаи қалб гуфта буданд.
Тафсилоти бештаре дар ин маврид дар бахши «САБЗНОЗ»-и хабаргузорӣ нашр мешавад.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!