Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:13

Шикояти сокинони Қумсангир: Лимити барқ оғоз ёфтааст?

26 сентябр 2013, 13:32

Бо фарорасии фасли пойиз ё тирамоҳ қатъи интиқоли нерӯи барқ дар бархе аз навоҳии кишвар, бахусус Қумсангир, ба назар мерасад.

Бархе аз сокинони ҷамоати “Ваҳдати миллӣ”-и ниҳояи Қумсангир дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, ду рӯз мешавад, нерӯи барқ дар ин минтақа аз соати 9-и субҳ то соати 6 хомӯш карда мешавад.

Сокинони ин ҷамоат аз хомӯш шудани барқ дар ин минтақа қабл аз фасли сармо иброзӣ нигаронӣ дошта, мегӯянд, агар воқеан ҳам хомӯшкунии барқ оғоз шуда бошад, ин амал метавонад ба зиндагии онҳо таъсири манфӣ расонад. Чун ба гуфтаи онҳо ҳоло дар деҳот мавсими обёрӣ намудани зироатҳо мебошаду қатъи интиқоли нерӯи барқ кори онҳоро "хоҳад кушт".

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик”, мегӯяд, имсол низ лимити барқ дар фасли сармо хоҳад буд. Вале ҳанӯз равшан нест, кай оғоз мешавад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ин вобастагӣ аз боду ҳаво дорад. Ин дар ҳолест, ки бархе овозаҳо миёни мардуми кишвар паҳн шуда буд, ки имсол соли интихоботи президентист ва эҳтимоли ба миён наомадани лимити барқ дар кишвар вуҷуд дорад.

Сокинони манотиқи Тоҷикистон дар шаш моҳи фасли тирамоҳу зимистон аз камбуди нерӯи барқ дар манозилашон ранҷ мекашанд. Мақомот мегӯянд, танҳо дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун лимити нерӯи барқ куллан аз миён бардохта хоҳад шуд. Нерӯгоҳе, ки сохтмонаш бо мухолифати шадиди ҳамсояҳои Тоҷикистон, бахусус Узбакистон, рӯбарӯ шуда, ҳанӯз ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии он аз тарафи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҳам ба поён нарасидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • экономист

  • 26 сентябр 2013 17:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э мардум то вакте,ки ин режим хаст, лимити барк хамеша боки мемонад. Ба сафсатахое,ки гуё дар солхои наздик бо барки доими таъмин мешавед, бовар накунед. Ин ваъдахоро ба мо дар соли 2009 дода буданд. Ягона рохи мардумро бо барк таъмин намудан,ин муносибатхои дустонаро бо Узбакистон рохандози кардан аст ва дар фасли зимистон, чун пештара харидани барк аз Туркманистон ва Узбакистон ва дар фасли тобистон ба Узбакистон фурухтани барк мебошад

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!