Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:58

Сафорати Фаронса гуфт, дар Порис тоҷикӣ меомӯзанд

26 сентябр 2013, 18:26

Омӯзиши фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи миллии забон ва тамаддунҳои Шарқ (ДМЗТШ)-и Фаронса ба роҳ монда хоҳад шуд. Дар ин бора сафорати Фаронса дар Тоҷикистон хабар дода ва гуфт, ин дарс, ки "Муқаддимаи забон ва фарҳанги тоҷикӣ" унвон дорад, барои донишҷӯён ва нафароне, ки мехоҳанд, сатҳи дониши худро дар бораи забони тоҷикӣ боло баранд, пешбинӣ шудааст.

Омӯзиши забони тоҷикӣ ё худ дарси "Муқаддимаи забон ва фарҳанги тоҷикӣ", ки дар ин донишгоҳи Фаронса аз рӯзи 3-юми октябри соли ҷорӣ оғоз мешавад, ҳафтае як бор, дурустараш ҳар рӯзи чаҳоршанбе ба донишомӯзон ироа хоҳад шуд.

Донишгоҳи миллии забон ва тамаддунҳои Шарқ (ДМЗТШ)-и Фаронса соли 1669 таъсис ёфта, дар он донишҷӯён беш аз 93 забон, бахсус забонҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Осиё, Уқёнусия ва Африқоро меомӯзанд. Инчунин, дар баробари забонҳои мардуми манотиқи мазкур, оид ба ҷуғрофия, таърих, сохтор, зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин халқиятҳо низ ба донишомӯзон дарс гузашта мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!