Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:59

Ҳимояти наҳзатиҳо аз Маҳмадҷонов, пеш аз пахши "филм"-и ТВТ

27 сентябр 2013, 09:24

Бахши ноҳиявии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Қумсангир аз фишорҳои охир болои худ аз тарафи шуъбаи корҳои дохилии ин минтақа бо пахши як изҳорот шикоят кардааст.

Дар ин изҳорот, ки дар сомонаи расмии ҲНИТ шоми 26-уми сентябр нашр гардид, гуфта мешавад, Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Қумсангир бо ҳар сабку услуб талош доштааст, шаъну шарафи бахши ноҳиявии Ҳизби наҳзат дар ин минтақа, бахусус раиси он Қурбон Маҳмадҷоновро паст занад. Инчунин, раёсати бахши ноҳиявии ҲНИТ аз монеа эҷодкунии мақомоти пулиси Қумсангир дар рафти имзоҷамъоварӣ ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, шикоят карда, гуфтааст, овозаҳо дар бораи Қурбон Маҳмадҷонов беасос ва туҳмат буда, ин барномаҳо тарҳрезишуда мебошанд.

Раёсати ин бахши ҲНИТ дар изҳороти худ аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир қотеона талаб кардааст, ба ингуна туҳмат ва барномаҳои тарҳрезишудааш хотима бахшад. Бар асоси ин изҳорот, раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир ният дорад, аз болои Шуъбаи корҳои дохилии ин минтақа ба додгоҳ шикоят барад.

Ин дар ҳолест, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон тӯли чанд рӯз мешавад, эълон мекунад, ки шоми 27-уми сенябр “филм”-еро дар бораи Қурбон Маҳмадҷонов ба намоиш гузорад. Намоиши ингуна филмҳо аз тарафи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон бори нахуст набуда, дар гузашта низ як қатор филмҳое ба намоиш гузошта шуда буданд, ки аз бархе “қаҳрамонон”-и онҳо узви ҲНИТ ном бурда шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • фира

  • 27 сентябр 2013 10:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хизби нахзат ягон гунои худро ба ухда намегирад хамашро сохта медонад дигар бахона наефтед агар дуруг бошад далел биеред дар назди халк ки ин нодуруст ва тухмате беш нест ,
Посух додан
  • Тухмати навбати

  • 27 сентябр 2013 10:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шабакаи аввалро бояд ба додгох бикашанд! Шарм намедоред мисли занхо тухмат мекунед?
Посух додан
  • в

  • 27 сентябр 2013 10:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инро хам ба износиловани гунахкор мекарда бошанд?
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 27 сентябр 2013 10:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Уффффф..............безор шудам аз хамин барномахои антинахзати.....Магар дар хамин давлат дигар мушкилот нест,ки рузатонро ба сиёхкунии нахзатихо мегузаронед??? Эээййй хар як чи андозаву хадду худуду меъёр дорад...... Хама медонад, ки ин барономахо барои чи пахш мешаванд....Хай диагр чи гуям..Аклу андешаву фахмишатон хаминро доро будаст....Э хай давом додан гиред,аммо ман бовар надорам ягон барномаро...
Посух додан
  • Муборак

  • 27 сентябр 2013 12:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз хамин нахзатихо безор шудем. То ин вакт хукумат хотир медидааст ва нисбати гуноххои нахзатихо чашм мепушидааст. Ин корхое муллохо ва аъзои нахзат кардаро мешунавй муи бадан мехезад. Онхо хатто чумхуриро шарманда карданд, бо бачабозию зино ва дигар чиноятхо. Ба фикрам муваккатан онро бастан лозим аст.
Посух додан
  • Бетараф

  • 27 сентябр 2013 21:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Муборак шумо хато фикр мекунед.ХНИТ-ро не,балки телевизионхои Точикистонро бастан даркору чамшхои шумо барин одамхоро кушодан даркор,ки як гирду атрофро назар бикунед,ки чи мебинед ба гайр аз занони бешавхар(шавхархояшон дар мухочират ё дар махбасхо ё мурда),кудакони беилму бепарастор.Ришваву фасод ба авчи аъло расидааст.Барои чи телевизион вакте писари ягон мансабдорро бо маводи мухаддир медоранд намоиш намедихад?Магар ба хамаи ин ХНИТ гунахгор?
Посух додан
  • Точик

  • 27 сентябр 2013 22:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Цитата: фира
Ин хизби нахзат ягон гунои худро ба ухда намегирад хамашро сохта медонад дигар бахона наефтед агар дуруг бошад далел биеред дар назди халк ки ин нодуруст ва тухмате беш нест ,

Шумо ба онхо вакти телевизиони чудо кунед онхо хатман далел меоранд. Номардхо!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Факат дуруггуиро мебинам дар ин шабакаи якум дигар кор надоранд инхо коре кунед ки бачахои и вазирохам нишон дихед ки онхо чикор мекунанд ки халк ба шумо бовар кунад. ва мухочироеки дар хорича хастанд онхоро тарафдори кунанд ин хукуматдорони мо ки хар соль аз Рассия кариб ки 1000 нафар точикхоро мекушанд чаро онхоро давлати мо намебинад?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!