Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:08

Табобати лазерии чашм дар Тоҷикистон низ имконпазир аст

28 июл 2011, 02:52

Маркази табобати лазерии чашм дар маҳаллаи «Гулистон»-и шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, Қоҳир Расулзода дар ифтитоҳи марказ иштирок намуда, лентаи рамзиро бурид ва бо утоқҳои ташхисиву табобатӣ, таҷҳизоти замонавии онҳо ошно гардид. Директори ин беморхона Фазлиддин Шарифов дар хусуси мақсади таъсиси муассисаи табобатӣ нақл карда, аз ҷумла гуфт, ки баҳри баланд бардоштани дараҷаи хизмати тиб ба мардуми вилоят маркази табобати лазерӣ бунёд гардидааст. Табобатгоҳи мазкур аз се ошёна иборат буда, дорои утоқҳои ташхис,  муолиҷа, ҷарроҳӣ ва лазерӣ мебошад. Барои табобати беморон тамоми шароитҳо муҳайё буда, дар як вақт 10 мизоҷ имконияти муолиҷаро дорад. Ташхис ва табобати касалиҳои чашм, ки дар ин ҷо ба роҳ монда хоҳанд шуд, то кунун  дар шаҳрҳои Москва, Екатеринбург, Новосибирск, Тошканд ва ғайраҳо ба анҷом расонида мешуданд. Яъне беморонро зарур буд, ки бо масрафи маблағҳои калон ба муолиҷагоҳҳои хориҷи кишвар муроҷиат кунанд.  Минбаъд  ташхиси ҳама гуна бемориҳои чашм ва табобату ҷарроҳии 10-12 намуд касалиҳои чашм  дар ин марказ  сурат мегирад. Бемор дар марказ ҳамагӣ 2-3 рӯз мехобад ва ивази 200-600 сомонӣ, вобаста ба намуди касалӣ, ҷарроҳӣ ва даво  карда мешавад.

Маврид ба ёдоварист, дар маркази табобати лазерии чашм 33 нафар кормандони тиб фаъолият мекунанд. Таҷҳизоти марказ асосан аз кишварҳои Русия, Фаронса, Ҷопон ва ҷумҳурии мардумии Чин ба маблағи 180 ҳазор доллари ИМА харидорӣ шудаанд ва бонки «Имон интернейшл» барои сохмону таҳҷизонидани иншоот қарзи имтиёзнок додааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!