Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:58

Қувваозмоии наврасон ба хотираи Султон Мирзоев

27 сентябр 2013, 11:21

Футболбозони навраси тоҷик ба хотираи Султон Мирзоев, мураббии шоистаи Тоҷикистон миёни ҳам сабқат мекунанд.

Бахшида ба хотираи Султон Мирзоев, мураббии шоистаи Тоҷикистон, аз 3-юм то 7-уми октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявии футбол миёни наврсони солҳои таваллуди 1997-1998 доир мегардад.

Дар мусобиқаи мазкур ҳайати дастаҳои вилояти Хатлон-1(1 даста), Хатлон-2 (1 даста), Суғд (1 даста), шаҳри Душанбе (2 даста), шаҳру навоҳии тобеи марказ (21 даста) ва дастаҳои наврасони Қазоқистону Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.

Ғолибон ва бозингарони беҳтарини мусобиқот бо диплому медал ва туҳфаҳову ҷомҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва Федератсияи футбол қадр карда мешаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!