Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

Қонун «Дар бораи авф» ба парлумон ирсол шуд

28 июл 2011, 02:56

Тавзеҳоти лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»


Рӯзи 27-уми июли соли равон Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, ки шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, аз маҳбас ва идомаи минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.
Ҳамчунин аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз мўҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ҷиноятии ғайри маҳрум сохтан аз озодӣ занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гурўҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифат (саратон), сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемикии дил, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, шахсоне, ки бар асари фалокати Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ё худсарона қисми ҳарбиро тарк кардаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ озод карда мешаванд.
Ба ғайр аз ин маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъиншуда ва шахсоне, ки ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд ва ба онҳо то 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.
Аъзои ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии ғайриқонунӣ, ки барои содир кардани ҷиноятҳо вобаста ба фаъолияти экстремистӣ ба ҷазои то 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ҳамин гуна шахсоне, ки ба мўҳлати зиёда аз 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, агар ҷиноятҳои одамкушӣ, терроризм, ҷосусӣ, тахрибкорӣ ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир накарда бошанд, низ аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.
Бо ҳамин тартиб иштирокчиёни исёнҳои мусаллаҳонаи соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода, инчунин иштирокчиёни ҳуҷуми мусаллаҳонаи соли 1998 дар вилояти Суғд, ки барои ҷиноятҳои содирнамудаашон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд ва аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд, озод карда мешаванд. Ҳамзамон ҳамин гуна шахсон, ки парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар дар кофтуков қарор доштани онҳо боздошта шудаанд, ё ин ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд, ба истиснои ташкилкунандагон ва роҳбарони ин исёнҳо ва ҳуҷуми мусаллаҳона бе даъват кардани онҳо ба мақомоти тафтишотӣ ва суд қатъ карда мешаванд.

Мувофиқи лоиҳаи Қонуни мазкур кам кардани мўҳлати ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбат ба дигар маҳкумшудагон, сарфи назар аз мўҳлати ҷазо, намуд ва дараҷаи вазнинии ҷинояти содирнамудаи онҳо, ба истиснои шахсони ба ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда татбиқ карда мешавад.
Амали Қонуни мазкур нисбат ба маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои азонихудкунӣ, исрофкорӣ, қаллобӣ, тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ва тасарруфи воситаҳои кўмакҳои хориҷиро содир намудаанд, ба шарте татбиқ карда мешавад, ки онҳо зарари моддии расонидашударо пурра барқарор намуда бошанд.
Ҳамин тариқ мувофиқи маълумотҳои пешакӣ Қонуни мазкур нисбат ба зиёда аз понздаҳ ҳазор гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла дар назар аст, ки зиёда аз чор ҳазор маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуда, нисбат ба дигар маҳкумшудагон мўҳлати ҷазои маҳрум сохтан аз озодии адонагардидаи онҳо кам карда мешавад. Боз қариб ду ҳазору чорсад нафар шахсоне, ки ба ҷазоҳои ҷиноятии ғайри маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, аз ҷазо озод карда мешаванд. Ҳамчунин нисбат ба зиёда аз ду ҳазор нафар шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар пешбурди таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд, амали Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад.
Қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» амали инсондўстона буда, барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва ислоҳ гардидани онҳо мусоидат менамояд.
Бахши Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!