Бахшҳо

Бозҷӯии дигарбораи ҷонибдорони Бобоназарова дар Душанбе

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи ислоҳотхоҳон, имрӯз, 27-уми сентябр, аз дахолати дигари маъмурони пулис ба ҷараёни ҷамъкунии имзоҳо хабар дод.

Тавре аз Ситоди мазкур ба “Озодагон” иттилоъ доданд, як гуруҳи ҷамъоварандагони имзо ба тарафдории Бобоназарова дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ имрӯз аз ҷониби кормандони пулис мавриди бозпурсӣ ва бозҷӯӣ қарор гирифтаанд. Фатҳиддин Усмонзода, масъули шуъбаи ҷавонони ҲНИТ ба “Озодагон” гуфт, чор пулис бо нишон додани ҳуҷҷат ва муаррифӣ кардани худ ҳамчун кормандони шуъбаи шашум се нафар-ду духтар ва як ҷавонро, ки ба ҷамъоварии имзо машғул буданд бозпурсию бозҷӯӣ карда, ният доштаанд, онҳоро ба идораи пулис баранд, вале баъдан аз ин райъи худ гаштаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта низ маъмурони пулиси ноҳияи Фирдавсии Душанбе масъули дафтари Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар ин ноҳия ва гуруҳе аз ташаббускорони ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназароваро боздошт ва баъд аз тақрибан ду соати боздошт раҳо кардаанд.

Насим Раҷабов, масъули дафтари ҲНИТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, гуфт, онҳоро ба гумони қалбакӣ будани мӯҳри раиси ҳукумати ноҳия дар варақаҳои ҷамъоварии имзо боздошт намуда буданд. Вале ба қавли ӯ, “ин шубҳаву гумони пулис дар бинои ҳукумати ноҳия исбот нашуд ва моро ҷавоб доданд”.

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи ислоҳотхоҳон, дар ҳол ба ин ҳодиса вокуниш нишон дода ва гуфта буд, “умедворем, Шермуҳаммади Шоҳиён барои ҳарчи зудтар озод шудани онҳо ба вазири умури дохилӣ ва ё сардори ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ занг мезанад.” Дар ҳоле ки ба бовари онҳо, “варақа пул набошад, ки сохта бошад. Ба он раиси ноҳия мӯҳр мезанад, баъд гурӯҳи ташаббускорон дар он варақаҳо имзо ҷамъ меоранд. Ақли солим мегӯяд, ки онҳо ин корро ҳаргиз намекунанд, зеро дар охир боз раиси ноҳия он варақаҳоро аз зери назорат мегузаронад.”

Ташаббускорон қабл аз он ки ба ҷамъоварии имзо дар навоҳӣ шурӯъ кунанд, дар варақаҳои махсус мӯҳри раиси ҳукумати ноҳияҳоро мегиранд. Қаблан, ситоди интихоботии Бобоназарова аз он шикоят карда буд, ки баъзе аз роҳбарони шаҳру навоҳӣ бо баҳонаҳои мухталиф аз гузоштани мӯҳр худдорӣ менамоянд. Камбуде, ки масъулони Кумисюни марказии интихобот ҳам онро тасдиқ карда, вале гуфта буданд, ки он ҳалшаванда аст.
Мӯҳр
Дилшод
Апаи Ойниҳол Бобоназарова биёед басаш кунед. Аз баҳри ҳамин интихобот ҳам гузаред монед Раҳмонро 7 сол нею 70 соли дигар ҳукумрон бошад. Қавме ки ғуломиро бар озодӣ бартари медиҳад барои чунин қавм ғам хурдан ҳайф аст.

тарафдор
ҳар боре ки чунин ахборро мехонам, ба чунин муборизон, ки новобаста аз монеасозиҳо боз кори худро идома медиҳанд, аҳсант мехонам. ҳамин нафарон ҳастанд, ки ба олами мутамаддин пайваст будани ҷомеаи моро ба субут мерасонанд. вагарна, бо ин иқдомоту гомҳои мақомоти расмӣ назди берунагони дур албатта, шарманда мешудем. вуҷуду муборизаи ин гуна ҷавононмардон натанҳо ба ҲНИТ балки ба ҳамаи нирӯҳои сиёсиву ғайрисиёсии ҷумҳурӣ як нишони ифтихор ва сарбаландист. бори дигар ба чунин ҷавонмардон, гарчи миёни эшон занону ҷавондухтарон низ кам нестанд, аҳсант мехонам ва умедвори онам, ки Худованд саъйу талоши эшонро зойеъ намесозад. Худонанд нигаҳбонатон бошад, ҷавонмардони миллат.

махмад
Шарми кас меояд аз ин гиромбзихо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)