Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:03

Эълони қатъи интиқоли об дар 4 ноҳияи Душанбе

28 сентябр 2013, 08:38

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, дар доираи омодагиҳо ба зимистон ба навбат интиқоли об дар чор ноҳияи пойтахт қатъ гардад ва корҳои профилактикӣ гузаронда шавад.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ аз соати 22-00-и рӯзи 1 октябр то соати 24-00-и 2 октябри соли 2013 дар ноҳияи Фирдавсӣ маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупский-1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65, кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Чайковский ва дар ноҳияи Шоҳмансур - кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Мирзобек, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов Мирзо, Фучик, Коргар, Зафар, Гостелло, Улуғбек, У.Зокони, Нестеров, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз бинои роҳи оҳан то Меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи Айнӣ то гардиши Фурӯдгоҳ, шаҳракҳои 191, 192, Бинокорон ва ДОК интиқоли об қатъ мегардад.

Ба иттилои манбаъ аз соати 22:00 рӯзи 08 октябр то соати 24-00-и 9 октябри соли равон дар ноҳияи И.Сомонӣ - маҳаллаҳои Хуҷанбиёи боло ва поён, Шафақ, Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин боғи Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ, ноҳияи Шоҳмансур-маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қурғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2 кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, А.Раҷабовҳо ва Айнӣ аз хонаи №1то №77; -ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2,3, Қазоқон-1,2, Қарамишкор ва Муҳандис, шаҳракҳои 82,91,92,101,102,112, Испечак 1,2 ва Зарафшон 1,2; ноҳияи Фирдавсӣ - кӯчаи Қаҳҳоров, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, Н.Қарабоев то кӯчаи Ҷомӣ, Миралӣ, шаҳракҳои 23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии ш. Душанбе таъминоти об қатъ мегардад.

Инчунин дар назар аст, ки интиқоли об аз истгоҳи обтозакунии «Фишорӣ» аз соати 22:00 рӯзи 15 октябр то соати 24-00 рӯзи 16 октябр дар ноҳияи Сино -маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дьяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи Марказӣ; -ноҳияи И.Сомонӣ - хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Фазлиддин Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон қатъ мегардад.

Ниҳоят ба иттилои шаҳрдорӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳракҳои 43, 65, 64, ва кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ, -ноҳияи Сино: шаҳракҳои 11,12, 13, 14, 15, 31, 32, 33, 52, 53 82, 83, 84, 103, 104, Гипрозем, кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф Вафо, Котовский, Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Ҳаёти нав, аз соати 22:00 рӯзи 22 октябр то соати 24:00 рӯзи 23 октябри соли 2013 интиқоли об қатъ мегардад.

Убайдуллоев ба раисони чор ноҳияи пойтахт дастур додааст, ки дар ин давра бо истифода аз мошинҳои обкаш, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!