Бахшҳо

Қувайт дар лаҳзаҳои охирин наврасони тоҷикро шикаст дод

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии сеюми Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон бо якачини наврасони Қувайт қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ шоми 27-уми сентябр, дар варзишгоҳи “Али Сабоҳ Ал-Салим”-и Қувейт баргузор гардид. Дар ин дидор аввалин шуда мизбонон ҳисобро кушоданд. Голро дар дақиқаи 42-юми сабқат бозигари дастаи мизбон Бадер, ба ҳадаф расонид (0:1). Дар дақиқаи 54-уми дидор Муҳаммадҷони Ҳасан, бозигари дастаи наврасони Тоҷикистон тӯбро ба дарвозаи ҳариф ворид намуда, ҳисобро баробар кард (1:1). Голи дуюми мизбононро Юсеф, бозигари дигари ин даста дар дақиқаи 1-уми замони изофӣ ба ҳадаф расонид. (1:2).

Мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ дар ҳайати зер ба сабқат баромада буданд. Беҳруз Хайриев, Алишер Сафаров, Абубакр Азимов, Фирӯз Ризомов, Сироҷиддин Гулмуродов, Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов, Суҳроб Муминов, Хокимҷон Ҳасанов (Ҳиматулло Малодустов, 79), Муҳаммаҷони Ҳасан, Рустам Толибов (Собирҷон Гуляков, 82).

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон нахустин бозии худро дар ин мусобиқот бо дастаи наврасони Ҳиндустон мусовӣ - 1:1 анҷом дода, дар бозии дуюм тими наврасони Бутанро бо ҳисоби бузурги 12:0 шикаст доданд.

Бозиҳои гуруҳи “А”-и Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар Қувайт ҷараён дорад. Ба ин гуруҳ дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қувайт, Лубнон ва Бутан шомиланд.

Дар бозии дигари Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар гуруҳи “А” дастаи наврасони Ҳиндустон бар тими наврасони Бутан бо ҳисоби 8:1 ғолиб омаданд.

Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот Қувайт бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал қарор доранд. Ҳиндустон 7 имтиёзӣ мақоми дуюмро соҳиб шудааст. Тоҷикистон бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм ҷой гирифтааст. Лубнон бо 3 имтиёз дар зинаи чорум ва Бутан бидуни имтиёз дар зинаи охирин аст.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии охирини мусобиқоти интихобӣ, шаби 29-уми сентябр, бо якачини наврасони Лубнон рақобат мекунад. Мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар ин бозиҳо мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузукӣ роҳбарӣ мекунад.

Ғолибони 10 гуруҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16), ки соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)