Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:35

Кӣ дурӯғ мегӯяд: Гумруки Тоҷикистон ё Чин?

28 сентябр 2013, 10:15

Фарқ миёни маълумоти гумруки Тоҷикистон ва Чин дар бораи ҳаҷми додугирифти мол миёни ин ду кишвар як миллиард долларро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳаҷми додугирифти мол бо Чин дар соли 2012-ум 670 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Дар ҳоле, ки тибқи омори гумрукии Ҷумҳурии халқии Чин гардиши мол миёни Чину Тоҷикистон дар соли 2012-ум 1 миллиарду 700 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, суоле матраҳ аст, ки 1 миллиарду 30 миллион доллар ё худ 5 миллиард сомонии дигар, куҷо шуданд, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон онро сабт накардааст? Дар ҳоле, ки сабти расмии ин миқдор мол метавонист ба буҷет садҳо миллион сомонии иловагӣ ворид намояд.

Неъматҷон Раҳматов, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти ахири матбуотиаш эътироф намуд, ки миёни омори мақомоти гумруки Чину Тоҷикистон дар мавриди ҳаҷми гардиши мол тафриқа аст. Ӯ дар шарҳи ин фарқият гуфт, мақомоти гумруки Тоҷикистону Чин аз ду усули фарқкунандаи ҳисобукитоб истифода мекунанд.

Раҳматов афзуд, ки дар ҳудуди кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ усули ҳисобукитоби гумрукие татбиқ мешавад, ки мувофиқи созишномаи миёни ин кишварҳо мувофиқа шудааст, аммо дар Чин усули тамоман дигарро истифода мебаранд: “Ин аст, ки ҳаҷми нишондодаи мақомоти Чин аз маълумоти гумрукии Тоҷикистон фарқ доранд.”

Аммо ҳолдонҳо мегӯянд, дар бархе аз ҳолатҳо молҳои чинӣ дар мувофиқа бо кормандони мақомоти гумрук, яъне тариқи додани пора ва бе сабти расмӣ ворид мешаванд. Дар натиҷа маълумоти омории Чин аз Тоҷикистон бамаротиб зиёд мебарояд, чун чиниҳо ҳамаи молҳои содиротияшонро сабт мекунанду аз онҳо боҷ меситонанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • gumruk

  • 28 сентябр 2013 10:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ягон фаркият дар усули бурдани омор ва хисобкунии он нест. Хам Чин ва хам Точикистон дар мавриди содирту воридот оморро якхел хисоб мекунанд.
Ин як бахона аст. Миллионхо сомони хамасола ба бучет намеравад аз хисоби пурра гумруки накардани молхои чини
Посух додан
  • Қаҳрамон

  • 28 сентябр 2013 11:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Танҳо як фарқият аст ки, Хитоиҳо барои ватану миллаташон хиёнат намекунанд, аммо дар Тоҷикистон дузди ва хиёнат барои мансабдорон фахр аст. Рустамҷон ҳам беҳуда ба гумрук кор нагузаштаст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
нихо бародарон дар хакикат хисобу китоби мо чиноихо дигар аст агар 2 зарби 2 чор шавад дар хисоби мо 2 зарби 2 хашт мешавад ана барои хамин мо 1 милиарду 700 милион хисоб кардем ахолиамон хам ба хамин хел хисоб кардем мо ана хамин хел зиед хисоб мекунем агар 10 сум дошта бошем мо чиноихо онро 20 сум мегуем хааааааа мо нодондааааа
Посух додан
  • Точик

  • 28 сентябр 2013 22:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро коменти бандаро чоп накардед??? Ман имруз ба шумо фиристода будам. 1 миллиарду 30 миллион долларе ки дар омори хукумати Точикистон зикр нашудааст, сабабаш ин ки ин микдор моли тичорати бидуни пардохти 18 фоиз НДС ва 5 фоиз бочи гумруки, яъне 23 фоизи ин маблаги бузурги зикр шуда ки 236 миллиону 900 хазор долларро ташкил медихад, бояд ба буджети давлат ворид мешуд/ Бояд ин маблаг ба хайси маошу нафака ба мардум пардохт мешуд.
Чаро шумо ин коментро гашр накардед????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албатта чиноихо дуруст мегуянд ина материали тайёр барои агентии фасод ин ужас ку наход хамин кадар фаркият бошад ки ба буча миллионхо зарар расидааст.
Посух додан
  • Сафар

  • 29 сентябр 2013 18:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои он ХИСОБОТ як хела нестанд, ки дар Чин барои гирифтани ПОРА ХУКМИ КАТЛ дода мешавад!!!!
Посух додан
  • karim

  • 30 сентябр 2013 00:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БЕ ШАК ҲИСОБОТИ ЧИН ДУРУСТ АСТ
ИН ТОҶИКҲО АЗ ҲАРОМ ХУРДАН ВА ХИЁНАТ КАРДАН ИБО НАДОРАНД

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!