Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:57

Аз интихобот то интихобот: Ваъдаҳою вафои Эмомалӣ Раҳмон

28 сентябр 2013, 10:40

Ҳумайрои БАХТИЁР

Ҳарчанд Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) то кунун дар мавриди пешбарии номзади худ қарори қатъӣ нагирифтааст, вале коршиносон мегӯянд ба эҳтимоли зиёд Эмомалӣ Раҳмон ин навбат ҳам номзади ин ҳизб ва барандаи интихоботи президентӣ хоҳад шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба воқеияти сиёсии кишвар метавон гуфт, ки ин пешгуйиҳои таҳлилгарон амалӣ мегардад.

Ваъдаҳои 7 соли охири раисҷумҳур


Бештар аз 20 сол мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон раҳбарии Тоҷикистонро бар уҳда дорад. Дар се интихоботи охир Эмомалӣ Раҳмон пирӯзиро ба даст овардааст. Тибқи муқаррарот Эмомалӣ Раҳмон низ дар баробари дигар номзадҳо дар интихоботи қаблии раисҷумҳур барои шаҳрвандон барномаи пешазинтихоботиашро муаррифӣ намуда, беҳбуди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ваъда кардааст. Акнун мо ба ваъдаҳое тамаркуз мекунем, ки раисҷумҳури феълии Тоҷикистон баъди пирузиаш дар интихоботи соли 2006, зимни савгандёдкунӣ барои мардум ироа карда буд. Бино бар гузориши расмии сомонаи www.president.tj Эмомалӣ Раҳмон суханронии худро дар маросими савгандёдкунии соли 2006 аз марҳилаи нави бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ва дунявӣ шуруъ кардааст: “Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов таъмини амният ва истиқлолияти озуқавории кишвар, истиқлолияти энергетикӣ, раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди афзалиятноки саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъданҳо, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмил додани сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодиёт, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо дар асоси салоҳияти касбӣ, бартараф намудани такрори вазифаҳо дар мақомоти гуногун, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва ришвахӯриро аз ҷумлаи вазифаҳои стратегии марҳилаи нави давлатдорӣ арзёбӣ кард”.

Таъмини амнияти озуқа бо 77% маҳсулоти хориҷӣ

Мо ҳам таҳлилу бардошти худро атрофи ваъдаҳои раисҷумҳур аз таъмини амният ва истиқлоли озуқавории кишвар шуруъ мекунем. Бино бар гуфтаи коршинос ,Зулфиқори Исмоилиён мутобиқи меъёрҳои байналмиллалӣ кишваре амнияти ғизоӣ дорад, ки агар 70 дарсади мардум бо маҳсулоти дохилӣ таъмин бошанд. Аммо мегӯяд номбурда, дар Тоҷикистон акси ин муқаррарот дида мешавад, ки бо ин вазъияти бахши кишоварзӣ даст ёфтан ба амнияти озуқаворӣ имконнопазир аст: “60- то 77 дарсади маҳсулоти ғизоӣ аз хориҷа ворид мешавад. Қаблан дар навоҳии Тоҷикистон меваву сабзавот кишт мешуд, аммо имрӯз онҳо қариб аз байн рафтаанд", мегӯяд ин коршинос.

Боиси ёдоварист, ки дар робита ба вобаста гардидани Тоҷикистон аз маҳсулоти хориҷӣ вакилони парлумон ҳам бонги изтироб зада буданд. Ҳануз дар соли 2009 Юсуфҷон Аҳмадов, вакили парлумони Тоҷикистон аз афзоиши воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба бозорҳои дохилӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Юсуфҷон Аҳмадов аз он дар ташвиш буд, ки бозорҳои кишварро картошкаву пиёзҳои русиву покистонӣ пур кардаанд. Агар 4 сол қабл вакили парлумон аз воридоти сабзавоти хориҷӣ изҳори нигаронӣ карда буд, коршинос Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки чор соли охир бозорҳои кишвар комилан бо маҳсулоти воридотӣ пур шуда, ҳоло бештари меваву сабзавот истеҳсоли Покистону Афғонистону Хитой аст.

Аслан барои таҳлили воқеият кори чандон зиёд лозим нест. Барои муайян кардани ин вазъ то куҷо амалӣ гардидаст, кофӣ аст, ки як маротиба аз бозорҳои кишвар дидан кард.

Ваъдаи президент ва 7 моҳи “лимит” дар як сол


Истиқлоли энержӣ барои ҷомеа яке аз мавзуъҳои доғ мебошад. Тавре, ки 7 сол қабл мардум бо реҷаи махсус бо барқ таъмин буданд, ҳамоно таъмин мешаванд. Давоми сол шаҳрвандони кишвар 7 моҳ аз барқи доимӣ маҳрум буда, дар баъзе аз манотиқи кишвар бо баҳонаҳои мухталиф дар фасли сармо мардум ҳатто то ҳафтаҳо барқро намебинанд. Аз соли 2006 ба ин сӯ ягона тағйироте, ки дар бахши энержии кишвар ба вуҷуд омад, ин гаронтар шудани қимати барқ ва озод кардани шаҳрҳо аз маҳдудияти реҷаи барқ аст.

Печидатар гардидани бунбасти комуникатсионӣ


Мутаасифона, дар ин бахш низ мо ба муваффақият нарасидем. Баръакс, назар ба соли 2006 аз соли 2009 вазъи иртиботи кишвар мушкилтар гардид. Гуфта мешавад, ки баъди бастани роҳи оҳан аз тарафи Узбакистон на ин ки вазъи комуникатсионӣ, балки вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати вазнин қарор гирифт. Аз ин амали Узбакистон ва хисороти воридгардида ба иқтисодиёти кишвар на танҳо коршиносон, балки ҳатто раиси парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бонги хатар зада, ишора ба он дошт, ки барои ин амал Тошкандро бояд ба додгоҳи байналмиллалӣ кашид.

Кодекси нави андоз ва рушди соҳибкорӣ


Дар мавриди рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва сиёсати моливу буҷету андоз шояд беҳтар аст, ки чизе нагӯем. Зеро агар дар қабл аз низоми андозбандии кишвар соҳибкорони бузург шиква доштанд, қабули кодекси нави андоз соҳибкорони хурди кишварро ба “дод” овард. Коршиносон мегӯянд, ки иллати аслии рушд наёфтани бахши соҳибкории кишвар низ маҳз печида будани низоми андозбандии кишвар аст. Ба гуфтаи онҳо аз сабаби зиёд будани меъёри пардохти андоз ва ноамн будани сармоя соҳибкорони хориҷӣ аз сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бештар худдорӣ мекунанд.

Ҷобаҷогузории кадрҳо бо назардошти касбият, ё...


Масъалаи таъин кардани мансабдорон ба мақоми давлатӣ низ яке аз мавзӯи баҳс дар ҷомеа мебошад. Таҳлилагрон мегӯянд, ки омили аслии рушд наёфтани Тоҷикистон дар умум ин аз руйи садоқат интихоб кардани вузарову раисҳои ниҳодҳои давлатӣ мебошад. Ба гуфтаи онҳо раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ бештар аз руи шиори “садоқат ба раҳбарият” фаъолият дошта, вазифаи аслии худ-яъне бартараф кардани мушкилоти мавҷуда ва даст ёфтан ба муваффақиятро сарфи назар мекунанд. Ҳамин буд, ки бо баргузории як пурсиш “Озодагон” мушаххас намуд, ки шахсиятпарастӣ миёни вазирону раисон дар авҷ қарор дорад. Тобистони соли ҷорӣ аз тарафи “Озодагон” пурсиши “Оё шумо тасмими пешбарии номзадии худро ба мақоми президентӣ доред?”, миёни вазирон гузаронида шуд. Дар натиҷа маълум гардид, ки пурсиши “Озодагон” барои вазирони мо дар баробарӣ ғайриинтизор буданаш, зананда низ будааст. Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷа, Сафаралӣ Наҷмиддинов-вазири молия ва Шерхон Салимзода-додситони кулли Тоҷикистон аз ҷумлаи мансабдороне буданд, ки эҳтимоли пешбарии номзадии худро ба мақоми президентӣ ҳатто тасаввур намекарданд. Аксари пурсидашудагон мегуфтанд, ки беҳтар аз Эмомалӣ Раҳмон номзаде пайдо нахоҳанд кард. Суханҳои ҳаммонанд аз забони вакили парлумон - Сӯҳроб Шарифов, раиси вилояти Хатлон - Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Суғд - Қоҳир Расулзода низ садо дод. Акнун тасаввур кунед, ки як мансабдор вақте дар андешаи расидан ба зинаҳои болои фаъолият нест, чӣ гуна бахши дар ӯҳда доштаашро метавонад аз мушкилоти мавҷуда озод намояд?

Фасод дар кишвари мо дар сатҳе баромадааст, ки дигар корҳое ба монанди аз таваллуди кудак то ба боғча, мактаб, донишгоҳ ва ҳатто маргу мир ҳам бидуни ришвадиҳӣ анҷом намегирад. Аз афзоиши фасод тамоми масъулини ниҳодҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Нуктаҳои муҳими барномаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмонро барои интихоботи навбатӣ шояд коршиносон тавонанд пешбинӣ намоянд. Аммо ин навбат Эмомалӣ Раҳмонро зарур аст, ки барномаҳоеро, ки шуруъ шудаву ба итмом нарасидааст ё аслан шуруъ шудааст ба итмом расонад. Ҳар ваъдае, ки барои беҳбудии кишвар ва мардум имкон дошт, ки садо бидиҳад, то ба имруз Эмомалӣ Раҳмон онро барои мардум додааст. Дигар замоне расидааст, ки аз ин ба баъд раисҷумҳури феълӣ бо ҳамон ваъдаҳои қаблӣ иктифо карда, дар ҳоли пирӯзӣ бештар атрофи амалӣ гардидани он кӯшиш намояд, мегӯянд коршиносон.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Зез

  • 28 сентябр 2013 11:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ТАХЛИЛ ДАР САТХИ ОЛИ...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз акси президент маълум аст, ки у хам дастхо пеши бар тахлили вокеъбинонаи Хумайроро кабул дорад wink

Вокеан аз табассумхои Чаноби Оли маълум аст, ки он кас низ ба тахлилхои Хумайрои Бахтиёр розиянд. Интихоби сурат дар ин мавод хеле дуруст омадааст.
Посух додан
  • Хайрандеш

  • 28 сентябр 2013 11:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Хумайро. Тахлилест оли ва далоилест раднашаванда. Фабрикаи чавоб чи мегуфта бошад?
Посух додан
  • А

  • 28 сентябр 2013 12:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин тахлил рост аст,барои ояндаидаи давлату миллат хар як шахрванд бояд фикр кунад ки барои наслхои оянда аз мо чи мемонад.худованд ба мо мадад кунад.
Посух додан
  • munis

  • 28 сентябр 2013 12:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Таҳлили бону Ҳумайро сад фоиз дуруст ва ҳақ аст. Агар боз мардум саҳлангорӣ карда бетарафи зоҳир кунад, ва то ҳафт соли дигар нисфи халқи саргардону бекор дар ғарибиву мусофират, мутабоқии дигари мардум аз яъсу навмедӣ ва бекориву беадолати аниқ аз байн меравад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ozodagon чаро шархи ман чоп нашуд? Ё шумо танкид нисбати журналистатонро нодида мегиред?? Агар чунин аст, пас шумо озодандеш нестед!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман худро опозиция медонам, лекин тахлил то андозае як тарафа аст.
Вале хам нопурра аст, боз дигар чизхои дигар хам илова кардан мумкин аст.
Дар мачмуъ хулоса кардан мумкин аст, ки Эмомалй Рахмон - на ин ки бо ваъдахои кухнааш ояд хам мешавад, балки вай умуман наметавонад аз ухдаи хама ваъдахои додааш барояд.
Посух додан
  • R

  • 28 сентябр 2013 15:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Khai on qadar zur buded nakhestet 20 sol pew prezident shaved.baroi 20 sol pew prezident wudana dilu gurda darkorai........
Посух додан
  • Давлат

  • 28 сентябр 2013 16:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ваъдахои Эмомали Рахмон умуман ичро нашудааст. Чи тавре,ки 7-сол пеш бе барк будем ,хамон хел мондем,Коррупсия ва порагири ба нуктахои баландаш расидааст . Хамон чехрахое,ки хафт сол пеш дар макомотхои давлати адои вазифа мекарданд, ба дигар вазифахо гузаронида шуданд,яъне "лакировка" карданд. Чойхои кори ба вучуд оварда нашудаанд, сатхи зиндагии мардум ба боло нарафтааст ва якбора бад шудааст.
Посух додан
  • Aksi sado

  • 28 сентябр 2013 17:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
BA R . FIKR KARDI FIKR KARDI DIGA GAP NAYOFTI? ))))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам журналистон...сиёсат кори мушкил аст..вакте ки Шумо рохбари хизби сиёсиро мепурсед..оё президент шудан мехохед шудан онхо бояд чавою диханд ки ха...аммо агар вазирро мепурсед ин мебаъни аст чунки у командаи президент аст...ва бо у кор мекунад..каке дар россия ягон вазира пурсед президент мехохад шавад пеш аз интихобот не мегуяд хатман...барои хамин аз чихати маърифати сиёси савол бемаъни дода шуд ба аъзоёни командаи Рахмон. Сиёсат бози бо команда аст. Ана аз аъзои хизби мисол ХНИТ едигар пурседаш раиси хизб шудании чавобро гиред баъд...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар дар чомеа шахсоне пайдо шудаанд,ки факат камбуди мекобанд
Посух додан
  • Салмон

  • 29 сентябр 2013 07:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Камбудихоро ислох бояд кард...
Посух додан
  • голд

  • 29 сентябр 2013 07:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фирдавс Комилов,
камбудиро бояд гуфт
Посух додан
  • олимчон

  • 29 сентябр 2013 08:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ниёз ба кофтан камбуди нест факат бояд чашм боз куни ва вокеь нигар боши албата илми кофи хам ниёз дорад
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!