Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:39

Кормандони “Дасти ёрӣ” мегӯянд, пулис онҳоро латукӯб кардааст

28 сентябр 2013, 11:37

Кормандони созмони хайриявии «Дасти ёрӣ» ният доранд, ки аз болои афсарони пулис ва нозирони роҳ ба додситонӣ ва амнияти дохилии ВКД шикоят баранд.

Комрон Асозода, як корманди созмони хайриявии “Дасти ёрӣ” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, рӯзи 27-уми сентябр, бо ду ҳамкори дигараш, Тоҳир Холов ва Камил Арешев ҳангоми бурдани сандуқи хайриявӣ ба яке аз мағозаҳои маркази савдои “Садбарг” аз ҷониби кормандони ВКД мавриди латукуб қарор гирифтанд.

Асозода нақл кард, ки “аз ҷониби маркази савдои “Садбарг” ба ҷониби мағозаи “Тоҷик-Кристал” гаштанӣ будем, ки як нафар корманди БДА ишора кард, ки мумкин нест, рост ҳаракат кунед. Мо гапи ӯро гӯш карда, рост ҳаракат кардем. Баъди камтар ҳаракат автомобил манъ кард ва ману Камил сандуқро гирифта аз мошин берун шудем ва Тоҳир бошад ҳаракатро идома доданӣ буд. Дар ин лаҳза як нозири роҳ давида автомашинаро боз дошта рақамҳояшро гирифт. Камил бошад аз нозир хоҳиш кард, ки рақамҳоро диҳад, зеро мошин аллакай рафта истода буд. Аммо нозир ба сари мо дод зада, дашномро оғоз кард. Баъди чанд лаҳза полковник ва капитани милитсия ҷониби мо омада Камилро якеаш дошта дигараш зада ба овози баланд суханҳои қабеҳ гуфта, таъкид кард, ки "Ту ...... қатии началники милиса чӣ хелӣ гап задестӣ?".

Камил Арешев, роҳбари созмони хайриявии «Дасти ёри» ба “Озодагон” гуфт, “аз намуди зоҳирии ин ду корманди милитсия маълум буд, ки нушидагӣ ҳастанд. Баъдан ман аз онҳо хоҳиш кардам, ки дастонашонро аз ман гиранд. Боз ду корманди дигари милитсия омада, як мушти дигарро аз онҳо хурдам. Комрон дид, ки кормандони милитсия маро зада истодаанд сандуқро ба замин гузошта ба назди мо омад ва хоҳиш намуд, ки ин корҳояшонро бас кунанд. Баъди хоҳиши Комрон ӯро низ ду корманди милитсия боздошта, ба назди автомашина бурда латукӯб карданд. Тоҳир хост Комронро аз дасти онҳо халос кунад, ки дар натиҷа худаш мушт хурд ва ҳуҷҷатҳояшро аз дасташ гирифта ба дохили мошин шинонданд”.

Дар идомаи суҳбат Камил афзуд, ки “се нафари моро маҷбуран ба шуъбаи милитсияи Сино-1 бурда, аз як утоқ ба утоқи дигар бурда бозпурсӣ мекарданд. Баёнотро навишта баъд аз чанд корманди милитсия шунидем чихел мо онҳоро қадрдонӣ намекунему хуб забони тоҷикиро намедонем ва мо пантурк ҳастем. Дар шуъбаи милитсия мо тақрибан 5 соат бе об ва бе иҷозат ба ҳоҷатхона нишастем. Баъдан гуфтанд, шиносномаҳои худро гузореду пагоҳ соати 10-00 дар ҳамин ҷо шавед.”

Кормандони созмони хайриявии “Дасти ёрӣ” бар инанд, ки маъмурини пулис дар муносибат бо онҳо худсариҳо карда, аз салоҳияташон баромада, ҳуқуқҳояшонро поймол намудаанд. Онҳо мегӯянд, барои дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ба додситонӣ ва раёсати амнияти дохилии ВКД муроҷиат хоҳанд кард, то дастандаркорон муҷозот шаванд.

Дар мақомоти пулиси шаҳри Душанбе касе ҳозир нашуд, ки ин ҳодисаро шарҳ диҳад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инхели милитсияхои фармони № 1 - ро фаромуш кардагиян инхо бояд дар пеши конун чавоб диханд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э бародар кадом конун? Дар ин давлат конун понун нест!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ёд дорам як мактуберо ки Комил Арешов унвонии президент навишта буд. Такрибан як чумла аз он чунин буд: Вакте кортеж (катори мошинхо)-и Шумо мегузарад, дилам аз фараху шоди лабрез мегардад. Фикр мекунам, ки Шумо падари манед...Хамин тур...
Мактуб дар ФБ нашр шуда буд, хохиш мекунам, ки онро ёфта нашр кунед ва Арешов хулоса барорад
Посух додан
  • hakikat

  • 28 сентябр 2013 22:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Yak xele makola menavisenu gap mezanen ki rangi zanako gila meknen.! Kamtar mardi nishon dihed barodar ! Man xudam bisyor shata xurdam az milisa jabrdida hastam lekin hakikata gap zanen 1 ruza mehnati milisai jasurro tokat nadoren sanduki xayriyara puloshona megiren sohibi moshinu xona....baroi xudaton mehnat mekunen... az somona xohish mekunam ba in savoli man javob dihed...man aksaran somonai shumoro mexonam hamchun magzi puch xudatonro namoish nadihed aval anik kuned va dar bayni mardum nisbati milisia dilsiyahivu dushmani nakuned...! Shumo yakbor xato nakunam dar borai sardori taftishotii n. Rudaki navista buden ki dar n. Shohmansur yo somoni guyo hamsoyai fohishaashro zadast vay "krisha" zang zadastu omada inro burda dar shubai milisia latu kub kardanu az vazifa ozod kardan ??????
Посух додан
  • .....

  • 29 сентябр 2013 11:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
у нас в городе они также себя ведут
Посух додан
  • Илхоми

  • 29 сентябр 2013 12:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чигуна сандуки ДАСТИ ЁРИ будааст, БДА-хам гунахгоранд, лекин мумкин нест нест. чора инкор мекунад сухани нозири рохро. Удостварении Каррупсия, Амният, Прократура ё ВКД медошти ягон сухан туда намегуфтанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!