Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:28

Бозпурсии кӯтоҳи бародари Ойниҳол Бобоназарова дар Ёвон

29 сентябр 2013, 17:48

Маъмурони пулиси ноҳияи Ёвон баъд аз нимирӯзи 29-уми сентябр Салоҳиддин Камолов -- бародари Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳро мавриди бозпурсӣ қарор дода, пас аз чанд дақиқаи он раҳо кардаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” аз ситоди интихоботии Бобоназарова хабар доданд.

Ба қавли манбаъ, бародари Ойниҳол Бобоназарова соҳиби шаш фарзанд буда, дар Ёвон ба ҳайси ошпаз ё таббохи меҳмонхонае фаъолият доштааст. Маъмурони пулис гуфтаанд, чанде пештар дар меҳмонхонае, ки оқои Салоҳиддин кор мекунад, ҳодисае рух дода буд ва ӯ бояд шоҳидӣ медод. Аммо аз баёни кадом ҳодиса будани он худдорӣ кардаанд.

Худи Салоҳиддин Камолов ҳам дар тамоси телефонӣ бо Ойниҳол Бобоназарова гуфтааст, қаблан маъмурони пулис барои як суҳбат даъват карда буданд ва ӯ дар вақти таъиншуда ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ рафтааст. Вале ситоди интихоботии хонум Бобоназарова боздошти бародари ӯро як навъ тарс додани наздиконаш медонанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, Салоҳиддин Камолов рӯзҳои охир барои ҷамъоварии имзо ба тарафдории хоҳараш дар Ёвон кумак мекардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Иброхим

  • 29 сентябр 2013 18:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар вакту соати рафтан даррасид, ягон хилаю найранг начот намедихад...
Посух додан
  • Сиддик

  • 30 сентябр 2013 10:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ин холат муаллима шумо хак доред,ки хукумати ЧТ ро бо хамаи намояндагони макомоти болои ва намояндахову аъзохои фаъоли ХХДТ ро ба суди байналмилали каши то аз хукуки худ ва мухлисону пуштибонхоят химоя намои. Аллох шуморо пируз гардонад
Посух додан
  • Фаридун

  • 30 сентябр 2013 22:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо бо ту хастем малима

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!