Бахшҳо

Додгоҳ кормандони “Дасти ёрӣ”-ро ба ҳабс маҳкум кард

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Камил Арешов, Комрон Асозода ва Тоҳир Холов, кормандони созмони хайриявии «Дасти ёрӣ»-ро, ки иддао доштанд, аз ҷониби пулис мавриди латтукӯб қарор гирифтаанд, дар майдаавбошӣ муттаҳам дониста, онҳоро 28-уми сентябр ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум кард.

Комрон Асозода, як корманди созмони хайриявии “Дасти ёрӣ” пеш аз ҳабс дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, рӯзи 27-уми сентябр, бо ду ҳамкори дигараш, Тоҳир Холов ва Камил Арешев ҳангоми бурдани сандуқи хайриявӣ ба яке аз мағозаҳои маркази савдои “Садбарг” аз ҷониби кормандони ВКД мавриди латукуб қарор гирифтанд.

Асозода нақл кард, ки “аз ҷониби маркази савдои “Садбарг” ба ҷониби мағозаи “Тоҷик-Кристал” гаштанӣ будем, ки як нафар корманди БДА ишора кард, ки мумкин нест, рост ҳаракат кунед. Мо гапи ӯро гӯш карда, рост ҳаракат кардем. Баъди камтар ҳаракат автомобил манъ кард ва ману Камил сандуқро гирифта аз мошин берун шудем ва Тоҳир бошад ҳаракатро идома доданӣ буд. Дар ин лаҳза як нозири роҳ давида автомашинаро боз дошта рақамҳояшро гирифт. Камил бошад аз нозир хоҳиш кард, ки рақамҳоро диҳад, зеро мошин аллакай рафта истода буд. Аммо нозир ба сари мо дод зада, дашномро оғоз кард. Баъди чанд лаҳза полковник ва капитани милитсия ҷониби мо омада Камилро якеаш дошта дигараш зада ба овози баланд суханҳои қабеҳ гуфта, таъкид кард, ки "Ту ...... қатии началники милиса чӣ хелӣ гап задестӣ?".

Камил Арешев, роҳбари созмони хайриявии «Дасти ёри» ба “Озодагон” гуфт, “аз намуди зоҳирии ин ду корманди милитсия маълум буд, ки нушидагӣ ҳастанд. Баъдан ман аз онҳо хоҳиш кардам, ки дастонашонро аз ман гиранд. Боз ду корманди дигари милитсия омада, як мушти дигарро аз онҳо хурдам. Комрон дид, ки кормандони милитсия маро зада истодаанд сандуқро ба замин гузошта ба назди мо омад ва хоҳиш намуд, ки ин корҳояшонро бас кунанд. Баъди хоҳиши Комрон ӯро низ ду корманди милитсия боздошта, ба назди автомашина бурда латукӯб карданд. Тоҳир хост Комронро аз дасти онҳо халос кунад, ки дар натиҷа худаш мушт хурд ва ҳуҷҷатҳояшро аз дасташ гирифта ба дохили мошин шинонданд”.

Дар идомаи суҳбат Камил афзуд, ки “се нафари моро маҷбуран ба шуъбаи милитсияи Сино-1 бурда, аз як утоқ ба утоқи дигар бурда бозпурсӣ мекарданд. Баёнотро навишта баъд аз чанд корманди милитсия шунидем чихел мо онҳоро қадрдонӣ намекунему хуб забони тоҷикиро намедонем ва мо пантурк ҳастем. Дар шуъбаи милитсия мо тақрибан 5 соат бе об ва бе иҷозат ба ҳоҷатхона нишастем.”

Дар ҳамин ҳол кормандони созмони хайриявии “Дасти ёрӣ” изҳор доштанд, ки маъмурини пулис дар муносибат бо онҳо худсариҳо карда, аз салоҳияташон баромада, ҳуқуқҳояшонро поймол намудаанд ва ният доштанд, ба додситонӣ ва раёсати амнияти дохилии ВКД муроҷиат хоҳанд кард, аммо ахиран худашон барои 5 рӯз равонаи зиндон шуданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)