Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:57

Зоиров Анҷумани ҳизбашро то 12 октябр ба таъхир гузошт

30 сентябр 2013, 08:58

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Анҷумани пешазинтихоботияшро, ки бояд шеваи иштироки ин ҳизб дар интихоботи шашуми ноябрро мушаххас мекард, то 12-уми октябр ба таъхир гузоштааст. Дар ҳоле ки қарор буд ин анҷуман рӯзи 6-уми октябр, дуруст баъд аз ду рӯзи Анҷумани Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, баргузор шавад.

Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфтааст, сабаби мавқуф гузоштани баргузории анҷумани ҳизбаш машғул будани онҳо барои ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ аст, ки ҲСДТ ҳам шомили он мебошад. “Аз сабаби монеаҳои зиёд, аз ҷумла қонуншиканиҳо, маҳдудудиятҳо дар ҷараёни имзоҷамъоварӣ анҷумани ҲСДТ баъди расман анҷом ёфтани замони бақайдгирии номзадҳо ба курсии президентӣ доир мегардад”,-гуфтааст Зойиров.

То ҳоло ҳафт номзад барои дарёфти курсии президентӣ мушаххас ва барои ҷамъоварии имзо шурӯъ кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи мустақили иттифоқҳои касаба, Толиббек Бухориев аз Ҳизби аграрӣ, Ойниҳол Бобоназарова аз сӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, Олим Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалист, Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунист ва Сайидҷаъфар Исмонов аз Ҳизби демократ номзад шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точ

  • 30 сентябр 2013 09:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хубаш Шумо анчуманро баъди 6 ноябр гузаронед
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 30 сентябр 2013 13:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Не-не Чаноби Зойиров алакай интихобашон маълум аст: Ойнихол Бобоназарова. Рузи 12.10.2013 дар анчуман ХСДТ номзаде аз худ пешниход намекунад,зеро то 17-октябр алакай вакти кам аст барои имзочамъкуни. Чаноби Зойиров мо бо шумо ва Ойнихол хастем!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!