Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:13

(АКС) Дуои Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи Увайси Қаранӣ

30 сентябр 2013, 09:38

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи якшанбеи 29-уми сентябр ба ноҳияи Ховалинг сафар карда, дар пайи ифтитоҳи як қатор иншоотҳо оромгоҳи ҳазрати Султони Увайси Қараниро низ зиёрат намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои пойдории оромию осоиши Тоҷикистон ва рифоҳи мардуми шарифи кишвар дуою фотиҳаи наку хонда шуд.

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон барои ба як мавзеи ободу зебои сайёҳӣ табдил додани ин мавзеъ супоришҳо дода, аз ҷумла дастур додааст, ки дар ин ҷо як меҳмонхонаи бисёрошёна бо шароити муосири будубоши шаборӯзӣ ва истироҳату фароғат бунёд гардад.


(АКС) Дуои Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи Увайси Қаранӣ

(АКС) Дуои Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи Увайси Қаранӣ

(АКС) Дуои Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи Увайси Қаранӣ

(АКС) Дуои Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи Увайси Қаранӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мард

  • 30 сентябр 2013 09:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зиндахоро хурмат кардан даркор!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамнишинони ту дар зери лахад хок шуданд,Чашми ибрат бикушо хоча агар инсони. Бар сари кабри яке рафтаму гуфтам чуни? Гуфт ахвол чи пурси биеи дони. Чомие вокифи дам бош азизон рафтанд, Тар ки дуне бикун охир ки тухам мехмони...
Посух додан
  • Лаққаев С.

  • 30 сентябр 2013 16:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
беҳтарин ибодат ин хуши ва сабуки ба халқ аст, ба ҷои ин тари амалҳо озодии мусалмонҳоро таъмин намуда роҳҳои пулакиро барҳам диҳед ва адолатро пуштибони кунед, савоб мешавад ва мардум худ медонад чи тавр баҳо бидиҳад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Асалому алайкум Ҳамин ҳазратро тарихашро ки медонад ман фақат ҳамиро медонам ки ин ҳазрат аслаш аз Яман ва аз тобиъин ва охирон боре инро мебинад ҳазрати Умар ва Али разияллоҳу анҳум дар вақти ҳаҷ дар байни ҳоҷиҳои Ямани ва аз вай талби дуъо мекунанд барои оне ки ҳазрати расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ҳазрати Умар (рз) гуфта буд ки дар замоне ҳминтури бандаи зоҳиде пайдо меша ва рафта аз вай дуъо гир баъд азон ғайб мезанад ки ҳеҷ кас намедонад ки куҷо рафтааст локин омадан ба ховалингро намедонам ки чихел омадааасст барои ҳамин мехоҳам бифаҳмам сабаби омаданашро
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
алишерассалому алекум бародар Алишер .. Увас ал-Карани ин як шахси бисер бечораву мискин будааст аз Яман ва ва сохибиям набудааст ..ва Паёмбари гироми васият кардааст ки вакто ки Увайс ба хач мебеяд аз ун инсон дуо дар хаки уммат талаб кунед зеро ки у ВАЛИСТ яъне дусти Худо . дар даврони Умар (Р А ) Увай бо хамрохии хочиен ба зиерати Каъба мебед ва хулласи калом уро амир ал мумини Умар мебинад ва аз у дуо талаб мекунад ва мепурсад ки чи коре анчом доди ки то ин мартаба расиди ..дар чавоб мегуяд ман на тоату ибодати нофила даром ва на коре дар умри худ кардаам аммо модаре дорам ва дар хизмати модарам хастам чунки бисер заифу но тавон аст ва хар боре ки ман ба модарам дасти ери дароз мекнам дуое мекунад..Парвардигор аз чумлаи авлиеехо туро хонад..ва дуои модар мустачоб мешавад ! Увас дар дар Яман гуронида шудааст на дар Точикистон ..ин хамаш кампиргап хаст ба мисли Мазори Шариф ки гуе Али (Р А) дар ончо гуронида шудааст ..ин хамаш хурофотаст Увас дар Яманаст ва Али дар Ирок ..ассалому алекум !
Посух додан
  • Нозим

  • 1 октябр 2013 09:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маълумот дар бораи ин хочаи бузург

http://www.islamdag.ru/lichnosti/259

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!