Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:16

Даллол аз фурӯши як зан 29 000 сомонӣ фоида гирифтааст

28 июл 2011, 05:31

Моҳбону Муминова, як сокини шаҳри Чкалов бо иттиҳоми хариду фурӯши занон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ боздошт шуд.


Номбурдаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни баргузор намудани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дастгир кардаанд.
Тафтишоти муқаддамотӣ мушаххас намудааст, ки Маҳинбонуи 27- сола бо маслиҳати пешакӣ бо апааш Мавҷуда Муминова аввалҳои моҳи марти соли 2009 Матлуба Толибоваи 25 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъро бо роҳи фиреб ба шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи Араб бурда, 1 моҳу 10 рӯз ба муносибатҳои шаҳвонӣ бо шаҳрвандони миллаташон гуногун маҷбур карда, барои ин амали ҷиноӣ 29 000 сомонӣ ба даст овардааст. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!