Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:26

Теъдоди зоирини сурӣ дар маросими "Ҳаҷ-2013"

30 сентябр 2013, 10:25

Ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Сурия дар соли ҷорӣ ба нияти иштирок дар маросими “Ҳай-2013” ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Дар ин бора Бандар ал-Ҳаҷҷар, вазири ҳаҷҷи Шоҳигарии Рарабистони Саудӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода, гуфтааст, шумораи квотаи ҳаҷ барои шаҳрвандони Сурия коҳиш дода нашудааст.

Инчунин номбурда илова намудааст, ки ҳар чанд мақомоти саудӣ ба коҳиши теъдоди зоирини Хонаи Худо таъкид доштанд, вале мо квотаи ҳаҷро барои кишварҳои арабӣ, бахусус Миср, Тунис, Либия ва Яманро кам накардааст: “Мо шумораи ҳоҷиёни кишварҳои гирифтор ба “Баҳори араб”-ро кам накардаем.”

Ин дар ҳолест, ки Шоҳигарии Арабистонӣ Саудӣ авоили соли ҷорӣ эълон намуда буд, ки интизор меравад дар соли ҷорӣ ба хотири корҳои сохтмонӣ идома доштан дар фурудгоҳҳои ин кишвар шумораи зоирини Хонаи Худоро то 20 дарсад поин барад.

Сурия яке аз нооромтарин кишварҳои арабӣ ба шумор рафта, давоми ду сол мешавад, мухолифон бо ҳукумати вақти ин кишвар, ки зери раҳбарии Башшор Асад қарор дорад даст ба гиребон шудаанд. Тибқи бархе хабарҳо ҳоло шумораи фавтидагон дар ин кишвар ба 150 ҳазор адад расидааст, ки коршиносон 7 ҳазори онҳоро кӯдак хондаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!