Бахшҳо

Ба мо маслиҳат медиҳанд, ки сукут кунем. Чаро?

Вақтҳои охир “дӯстонамон” ва нафарони хайрхоҳе аз мо хоҳиш мекунанд, ки аксари мавзӯъҳоро нодида бигирем ва ё сукутро ихтиёр кунем. Дар Тоҷикистони мо сукут ба ду маъност: Яке тарс, дигаре розӣ будан ба масъала.

Дар чанд рӯзи охир тавассути почтаи электронӣ мактубҳои таҳқиромез қабул кардам, ки дар ҳамааш таҳдид, ҳушдор ва ҳатто пешниҳодҳо буд. Дар яке аз ин номаҳо омада, ки “одами оқил дар ин вақт сукут мекунад. Чӣ ҳашт миллион нафар чен (баробар)-и Шумо намефаҳмад, ё савод надорад?!”

Мегӯянд, ҷавониятро ҳайф мекунӣ, ба гапи дигарон гӯш надеҳ, онҳое, ки Шуморо идора мекунанд, аҳримананд ва хоини миллату ватананд. Гоҳе ба нафаре рабт медиҳанд, гоҳе ба гуруҳе. Аҷабо онҳо намефаҳманд, ки ҳашт миллион нафар журналист нестанд, деҳқонанд, табибанд, омӯзгоранд, ошпазанд, хуллас ҳар кадом вазифаи хосеро анҷом медиҳанд. Онҳое ҳам, ки даст ба таҳдиду таҳқиру тӯҳмат мезананд, онҳо низ вазифаи муайяни худро доранд.

Журналисте, ки сукутро ихтиёр кард, ӯ дигар журналист нест. Бояд тағйири касб кунад ва биравад дунболи кори дигар. Агар тарс аз ҷавонӣ ва ё марг бошаду мо эҳтиёт кунем, пас, бояд бидонем, ки ҳазорон ҷавон бидуни кадом андеша ё муборизаи сиёсӣ дар садамаи автомобилӣ, беморӣ, шиноварӣ ва ё дар муҳоҷирати корӣ зери сементу хишт ҷон бохтанд.

Мо-ку касеро таҳқир ё шаъну шарафашро паст назадаем. Агар масъала муҳим буд, гуфтем, ки ин андеша ғалат аст. Агар андешаи мо ғалат буд, пас, майдон васеъ аст. На бо роҳи бад кардану фишор овардан ё тӯҳмату таҳқир, балки бо роҳи ҷавонмардӣ ва бо андешаи солим бигӯем: бародар ё додар ин андешаатон ғалат ва қобили қабул нест.

Дар Тоҷикистон як афкори ғалате шакл гирифтааст, ки агар ҷое аз Исломи ноб пуштибонӣ кардӣ, гӯиё ту аз Тӯраҷонзодаҳо ё ҲНИТ пуштибонӣ дорӣ ва ё баръакс агар инҳо танқид шуданд, гӯиё ту аз ҳукумат пуштибонӣ дорӣ. Ҳар касе, ки камбудӣ кард, бигӯем, хоҳ он Тӯраҷонзода аст, ё ҲНИТ ва ё ҳукумату Шӯрои уламо. Ҳеч кадоме аз инҳо барои ман меҳвар нестанд, меҳвар ин ҳақиқат аст. Ҳақиқатро бидуни таҳриф ё паст задани ҷониби дигар бояд гуфт.

Адолат ин аст, ки ба ҳамаи ҷонибҳо барои ибрози андеша шароит фароҳам биоварем. Миллатро ба худиву бегона салафиву ҳанафиву дигару дигар ҷудо набояд кард. Касе мунофиқ шуд, ӯро чунин мегӯянд, ҷои озурдагӣ ҳам нест.

Агар дар пеши ноадолатӣ ва ё ноҳаққӣ сукут ихтиёр кардем, андешаи ғалатеро дидаву дониста посух нагуфтем ва ба хотири кадом манфиате ҳақиқатро таҳриф кардем, пас, мо ҷавоби онро рӯзе хоҳем дод. Хоҳ ҷавон аст, хоҳ наврас ва ё шахси калонсол барои тақдир ва ҳалли сарнавишти худ бояд талош кунад! Бояд ба ҷавонон ҷавонмардӣ, сарбаландӣ ва афкори пешрафта дар кору зиндагиро омӯзанд. Моро дар рӯҳияи тарсончакӣ, шахсиятпарастӣ, порагирӣ, дуздӣ ва хиёнат дар мансабу идораи миллату давлат тарбия накунед, мӯҳтарам рӯшанфикрон, роҳбарон, андешамандон, соҳибназарон, коршиносон, падару модарон, зиёиён ва ҳомиёни миллат.

Далер ШАРИФОВ,
журналист

PS: Навиштаи муаллиф назари шахсии худи ӯст.
Мӯҳр
Бехтарин фахмиши дуруст нисбати чомиъаи мо бародари азиз Аллох нигохбонат башад.

А
Хайр рост мегуи бародар.

хамкурси калон
таърихи наклкардаи дустонат магар рост аст!?

Эй марди ХУДО хама далер шуда наметавонанд далер бош ин амри ХУДО аст марди росткавлу поквичдон будан !

Окилбой
Точикистон хеч вакт хукумати одил нахохад дошт ва хеч гох обод нахохад шуд. Мо ба ин арзанда нестем. Барои хамин аз сиесат дур шуда ба корхои худ машгул шавед. Умратонро бехуда нагузаронед.

Мухаммад
Агар як озмун кунанду гуянд дар фалон мавзу маколаи тахкикоти навис боварии комил дорам, ки ту ва ту баринхо аз ухдаи навиштаничунин маколахо баромада наметавонед!!!!!
Рузе мерасад, ки ту баи ин чизхои сахт чавоб хохи гуфт. Аслан ту худат кисти, инро хама медонад!!!

Назари волиy болои дорад, назари оянданигари, назари бyзyргонамон, назари асри 21, назари рушдy тарақии кишварy ободи ва осyдагии хонаи Тоҷик, назари қобили қабули як инсони мyтамаддин на кyҳнагаро, аҳсан ба инхел ҷавонy ба онҳое ки ҷавонҳои нотарс ва озодандешро барои миллат тарбият карданд.

Далер Шарифов! Ин гушхо ва ин чашмхо кур хастанд ва хакро на мебинанд ва на мешунаванд. Ин харфи калби туст ва андаке аз одамон. Ибрози андешаи шумо манзараеро мемонад, ки азодор мурдаро илтичо дорад, ки зинда шавад. Ноларо харчанд мехохам, ки пинхон даркашам, Сина мегуяд, ки ман танг омадам, фаред кун. Муваффак бош!

Чаноби Икс
Сукут накун!!! Давом дех.....

Расо дуруст бародарам Далерчон. Таклифи сокит буданро ман пшниход карда будам. Умуман Шуморо хамчун чавони (кариб хамсолем) чобук, сохиби андеша, фахм, часорат ва ихлос эътироф мекунам ва бояд кайд кунам, ки аз чониби ман захрае мавриди тахкир ва ё беэхтироми карор нагирифтаед. Дар вокеъ шугли ману Шумо мутафовит аст. Ман дустона ва аз дилсузи танхо ба хотири нигох доштани киммати сухан назди такрибан "хеч чиз" чунин тавсия дода будам. Охир суханро "чу зар санчида в-он гах харч кардан" гуфтаанд. Мархамат як бори дигар хамон чумлаи боби Хайдарроо талафуз карда, "мардаквори" хазм кунед, ба фикрам бузургтарин посухи у як кох-кох зада зарханда кардан аст. Шояд барои баъзехо хамин як чи бошад, ки маърака огоз кунанд, аммо пиндорам ба Шумо чунин нест. Рости ман миёни насихату маслихат тафовут мебинам. Баъзе калонсолонро, ки тамоман дигар имкони ислохшави надошта, на чисми солим доранду на зехни кобил (узр), насихат ку не, маслихат низ дода наметавонам. Ба Шумо маслихатам хамин аст, ки хеч гох натарсед, чунки ягон гуна хавф вучуд надорад. Хохишам ин, ки хамчун журналист назари рангин дошта бошед на хамеша аз зовияи дину (алхамдулилох мо низ мусалмонем) дар иртибот ба рухониён.

тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

panjshanbe
behtarin fikru andesha javonmard boyad chunin boshad hazrato

Фаридун
МАРЯМ
офарин ДАЛЕРҶОН.
АММО САЪЙ КУН ҲАДДИ АҚАЛ ЯГОН ФАКТИ ҚОНУНИ ЪАЛАЙ ХУДАТ ДУРУСТ НАКУНИ.
ХУДОВАНД ТУРО ҲИФОЗАТ КУНАД ОМИН

Журналист, ё кадом равшанфикри дигар, умуман хар шахрванде, ки даст ба хомуши, бетарафи, мардумфиреби ва ё чоплуси (падхалими) мезанад вай хоини Ватан аст. Дар пешонии чунин ашхос бояд мухри "Хоини Ватану миллат" гузошт, то ки тамоми мардуми Точикистон онхоро дакиктар бишиносанд. Ин кисмат ашхоси беномусу бегам Ватанро ба нобуди мебаранд.
Дар ин иртибот шоири баландманиш дуруст фармудааст:
Хар кас, ки дар ин замона уро гам нест, Ё одам нест, ё аз ин олам нест.

Дар солхои 90-ум баъзе муллохо, равшанфикрон, низомиён, сиёсатмадорони чаласавод ва хатто журналистхо хамин кабил иштибоххои бузург карданд ва аксарияти мардумро рохгуму парешонхотир намуданд, регионхоро бо хам таззод намуданду ба кутоуттарикон салохи оташфишоро таксим карданд. Натичааш чанги нанговари бародаркуши дар Точикистони зебову инсонпарасти мо шуд...

Хакикатро бояд ба мардум тавзех дод ва мардуми шарифи тчикистон донишу маърифат ва илму донишу кудрату тавонои дорад, ки чи тасмим бигираду чи икдом кунад. Киро тарафдори кунаду,киро ради маърака элон намояд.
Бузургон бехуда нагуфтаанд, ки:

Ростиро набувад хеч заволе ба чахон, Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
Аз тамоми хамватанони гиромиям хохиш менамоям, ки шиори зиндагии зерини бузургонамонро харруза амалан ичро намоянд, он вакт пирузи аз хамаи мову шумост ва Ватанро аз хатар начот медихем:

Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)