Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:21

Узбакистон аз минбари СММ алайҳи Роғун ва Қамарота садо баланд кард

30 сентябр 2013, 12:46

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон дар ҷаласаи 68-уми Ассамблеяи генералии СММ дар Ню-Йорк ба сохтмони неругоҳҳои бузурги обӣ-барқии минтақа, аз ҷумла Роғуни Тоҷикистон ва Қамаротаи Қирғизистон дахл кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВУХ-и Узбакистон, Комилов гуфтааст, Амударё ва Сирдарё – ду рудхонаи фаромарзии Осиёи Марказӣ манбаи ҳаёт барои мардуми минтақа ҳастанд, «бо таваҷҷуҳ ба ин моро нақшаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди бунёди неругоҳҳои бузург бо сарбандҳои азим, аз ҷумла НОБ-и Роғун бо сарбанди 350 метр дар саргаҳи Амударё ва Қамарота бо сарбанди 275 метр дар рудхонаи Сирдарё нигарон кардааст».

Вазири умури хориҷии Узбакистон ҳамчунин гуфта, ки сохтмони ин неругоҳҳо дар минтақаҳое анҷом мешавад, ки дар он эҳтимоли зилзилаи 9-10 бали мавҷуд аст ва ин хавфи садамаҳои бузургро афзоиш медиҳад.

Тошканд дар гузашта низ зиди бунёди ин ду неругоҳ садо баланд карда, мегӯяд дар сурати бунёди онҳо кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистон аз беобӣ азият мекашад. Аммо Тоҷикистону Қирғизистон ҳамеша ин иддаоро рад кардаву мегӯянд, ба ҳеч ваҷҳ бунёди ин неругоҳҳо сабаби камобӣ ё беобии дигар ҷамоҳир нахоҳад шуд.

Тоҷикистон ҳамасола қариб ҳафт моҳ ба мушкили норасоии неруи барқ дучор шуда ва бунёди НБО Роғун роҳи раҳоӣ аз ин бунбаст гуфта мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
факат гуфта мешавад ё ногфта хам мешавад ин корро кард.
Посух додан
  • ИЛХОМИ

  • 1 октябр 2013 10:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ооооо Обам боигарии табии аст ку, монанди газу нафт

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!