Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:57

ВИДЕО: Ҳукми зиндони омилони ҳамла ба хонаи Муродалӣ Алимардон

30 сентябр 2013, 12:53

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 30-юми сентябри соли ҷорӣ омилони ҳамла ба хонаи Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазир ва собиқ раиси Бонки Миллиро, аз 22 то 24 сол равонаи зиндон кард.

Мирзо Каримов, додраси парванда гуфт, Дилшод Мирзоеву Зайниддин Самадов ба 24 сол ва Умед Насриддинов, ки ҳамшарики ин ҷиноят эътироф шудааст, ба 22 соли зиндон маҳкум шудаанд. Вале додрас афзуд, ҷавон будан ва барои нахустин бор содир кардани ҷинояти онҳоро ба назар гирифта, бар асоси Қонуни афви соли 2011 дусолӣ аз муҳлати ҳамаашон кам карда шудааст. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ё намояндаи додситонӣ аз додгоҳ хоста буд, ин се нафарро аз 23 то 25 сол равонаи зиндон кунад.



Аммо наздикони маҳкумшудагон аз ин ҳукми додгоҳ норизоӣ карда, гуфтанд, барои тағйири он ба Додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд. Аз ҷумла, хоҳари Дилшод Мирзоев гуфт, бародараш касеро накуштааст ва аз ин рӯ ҳукми додгоҳ одилона намешуморад. Вай афзуд, “додрас гуфт, ки гӯиё аз манзили мо тиру аслиҳа пайдо шудааст. Ин ҳарфҳо нодурустанд. Худи додарам низ дар додгоҳ гуфт, ки дар қатли касе даст надорад.”

Ҳамла ба манзили Муродалӣ Алимардон дар ҳашт соли пеш, дар замони раиси Бонки Миллӣ будани ӯ, шаби 29 ба 30-юми июни соли 2005 дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Ноҷии болои ноҳияи Ҳисор, рух додааст. Он вақт мақомот гуфта буданд, афроди мусаллаҳ тақрибан 9 ҳазор доллар, 500 сомонӣ, миқдоре аз ҷавоҳирот ва як автомобили хидматии раиси Бонки Миллиро ба яғмо бурда, посбони хонаро ба қатл расондаанд.

Танҳо пас аз тақрибан ҳашт соли ин ҳодиса мақомот бо иттиҳоми дуздӣ ва қатли посбони хонаи Муродалӣ Алимардон Умед Насриддинов, Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоевро боздошт кардаву ба ҷавобгарӣ кашиданд. Гуфта мешавад, нафари чаҳорум, ки аз ӯ Қобил Улуғов ном бурда мешавад ва гӯиё маҳз ӯ ба қатли посбони манзили падари Муродалӣ Алимардон даст задааст, айни замон ба мақомоти тафтишотӣ дастрас нест ва дар ҳоли фирор қарор дорад.

Аммо худи Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дар як гуфтугӯи вижа бо “Озодагон” гуфта буд, ҳарчанд аз ин мурофиа хабар дорад, аммо боре ҳам дар он иштирок накардааст ва аз додгоҳ ҳам талабе надорад. Вай афзуд, омилони ҳамла ба манзилаш дар ҳашт соли пешро ба дасти қонун додгоҳ супурдааст.


ВИДЕО: Ҳукми зиндони омилони ҳамла ба хонаи Муродалӣ Алимардон

ВИДЕО: Ҳукми зиндони омилони ҳамла ба хонаи Муродалӣ Алимардон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!