Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:06

Нозирон меоянд... То интихоботи президентӣ 37 рӯз монд

30 сентябр 2013, 15:32

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, базудӣ нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) барои назорати фазои пешазинтихоботӣ ва баъд аз он вориди Тоҷикистон мешаванд.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябр баргузор шуда, ҳудуди 700 нозир аз созмонҳои мухталифи ҷаҳонӣ онро назорат хоҳанд кард. Чанде пештар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳам бо ирсоли номае аз Ассамбелеяи байнипарлумонии кишварҳои узви СНГ хоста буд, барои назорати интихоботи президентӣ ба Тоҷикистон биёянд.

Масъулони Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон мегӯянд, то ҳоло аз тарафи созмонҳо ва аҳзоби сиёсӣ 7 номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуда, маъракаи ҷамъоварии имзо ба тарафдории онҳо идома дорад. Ҳарчанд номзадҳо аз ҳизби аграрӣ, коммунист, сотсиалист, ислоҳоти иқтисодиву демократ аз пешрафтҳо дар мавриди ҷамъоварии имзо хабар додаанд, вале ситоди интихоботии номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ бештар аз монеагузориҳо барои ҷамъоварии имзо садо баланд кардааст. Ахиран ин ситод гуфт, каме бештар аз сӣ ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳисоби дигар номзадҳо хеле камтар будааст.

Ин дар ҳолест, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисюни марказии интихобот, ки дар нишасти рӯзи 30-юми сентябр сӯҳбат мекард, аз амалкарди аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон изҳори норизоӣ намуд. Вай гуфт, агарчӣ ин ҳизб Анҷумани пешазинтихоботии худро баргузор накардаву шеваи иштирокаш дар ин маъаракаи сиёсиро мушаххас нанамудааст, вале ба тарафдории номзади ягона имзо ҷамъоварӣ мекунад.

Ҳар як номзад ба мақоми президентӣ бояд 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намуда, ба Кумисюни марказии интихобот пешниҳод кунад ва баъд аз он расман сабти ном хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мухочирон

  • 2 октябр 2013 23:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо мухочирон 20 нафар дар як Фирма кор мекунем, аз сабаби нарху навои Точикистон ки бо оиликаш тугури намеояд . Барои хамин тарафдори Хизби Ислохоти Иктисоди Точикистон хастем.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!