Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:01

Додхоҳии соҳибони биноҳои баландошёнаи маркази Душанбе

30 сентябр 2013, 17:01

Нилуфари КАРИМ

Қарори ахири Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, дар мавриди қатъи сохтмони биноҳои баландошёна дар маркази пойтахт боис ба нигаронии соҳибони ин биноҳо шудааст. Ин аст, ки ҳудуди 150 саҳоми бунёди манозили баландошёна дар кӯчаҳои Шотемур-25 ва Бохтар-46 бо ирсоли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, кумак хостаанд.

Онҳо дар номаи худ навиштаанд, қатъи сохтмони ин биноҳо 175 оиларо, ки ба онҳо барои бунёди манозили баландошёна пул додаву ду сол боз бо умед интизори анҷомёбии онанд, нигарон сохтааст. “Мо бо меҳнати ҳалолу софдилона маблағ ба даст овардему ва амонатҳои тӯли даҳсолаҳо захиракардаи худро баҳри беҳбудӣ бахшидани шароити манзилии худ равона сохтем. Пеш аз пардохти маблағ ба сохтмончиён мо эътимод ҳосил намудем, ки сохтмон мутлақо қонунӣ, дар асоси қарорҳои ҳукумати Душанбе таҳти №518 аз 27-уми декабри соли 2011 ва №391-1 аз 11-уми августи соли 2011 анҷом дода мешавад”,-омадааст дар номаи саҳомон.

Онҳо дар идома афзудаанд, “дар марҳилаи охири сохтмон бинокорон ба мо хабар доданд, ки аз сабаби иваз шудани нақшаи генералии шаҳр ва қарори расмии ҳукумати шаҳри Душанбе сохтмони ин биноҳо боз дошта шудааст. Ҳеч кас ояндаи ҳалли ин қазияро ба мо гуфта наметавонад. Баъзе кормандони ҳукумат ва идораи меъмории шаҳр мегӯянд, ин биноҳо ё аз миён бардошта мешаванд, ё барои ниёзҳои маъмурӣ дода мешаванд (барои мисол, ба вазорати кишоварзӣ). Аксарияти мо барои харидани манзил аз бонкҳо қарз гирифта, аксарият манзилҳои истиқоматии худро фурӯхта дар манзилҳои иҷоравӣ истиқомат мекунанд. Ҳар як рӯзи боз истодани сохтмон бароямон хеле гарон аст ва эҳтимол ба зудӣ мо метавонем бе сарпаноҳ монем. Аммо ин вазъияти мо ҳеҷ касро ба ташвиш намеорад.”

Додхоҳии соҳибони биноҳои баландошёнаи маркази ДушанбеЭраҷ Олимов, ҳуқуқдони бинои истиқоматии Бохтар-46, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тамоми ҳуҷатгузорӣ ва ҷамъ намудани қисме аз маблағ дар бинои Бохтар-46 ба уҳдаи ӯ буда, баъд аз боз дошта шудани сохтмон тамоми саҳомон ба ӯ занг зада ҳалли масъаларо талаб кардаанд. “Ҳоло тамоми саҳмдорон ба ман занг зада муроҷиат мекунанд, то маблағҳояшонро баргардонам. Барои 200 квадрат 160 ҳазор доллар ҷамъ намудаам. Ҳоло онҳо фикр мекунанд, ки мо онҳоро фиреб намудаем. Бинои Бохтар-46 бояд 14-ошёна шавад. Алакай 7 ошёнаи он ба итмом расидааст, ки аз рӯи нақша моҳи январи соли 2014 пурра хонаҳои истиқоматиро ба соҳибонашон месупоридем”,-гуфт Олимов.

Мусоҳиби мо афзуд, пеш аз оғози сохтмони биноҳо қарори раиси шаҳр, иҷозатномаи архитектура, хулосаи экспертизаи Оҷонсии сохтмон ва меъмориро гирифта, инчунин зиёда аз 13 мақомоти давлатӣ дар ҳуҷҷати онҳо муҳр гузоштаанд: “Худи роҳбарияти мо Шукур Саъдуллоевич бо раиси шаҳр вохӯрданд ва ба онҳо гуфтанд, ки сохтмони биноҳо танҳо бо сабаби иваз шудани нақшаи генералии шаҳр боз дошта шудаанд. Бояд парлумони кишвар муҳокима кунад. Танҳо барои 7 ошёнаи бинои Бохтар-46 тақрибан 5 миллион доллар сарф шудааст.”

Ин дар ҳолест, ки бинои баландошёна дар Шотемур-25 тақрибан ба анҷом расидааст. Фармоишгари бино Мавлуда Бобоева мегӯяд, онҳо барои бунёди ин манзили баландошёна коргаронро аз хориҷа овардаанд, ки барои як рӯзи кории онҳо 50 доллар пардохт мекунанд: “Ҳангоме мо сохтмонро шурӯъ кардем, ҳамаи ҳуҷҷатҳоямон буд. 14-уми август сохтмони бинои моро боз доштанд. Ба куҷое, ки муроҷиат намекунем, ба мо мегӯянд, бинобар сабаби иваз шудани Нақшаи генералии пойтахт сохтмон боз дошта шудааст. Ба Агентии сохтмон, раиси дастгоҳи президент, ба худи президент чанд бор мактуб навиштем, фикр мекунам, ки мактубҳои мо ба ӯ нарасидааст. Президент мумкин аз ҳамин корҳо хабар надошта бошад. Маро мардум ғам медиҳанд, пуламро деҳ мегӯянд. Маблағҳои онҳоро мо барои сохтмон сарф кардем. Боварии комил дорам, ки танҳо президент метавонад ба мо кумак намояд.”

Як моҳ пештар Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе, дар доираи нақшаи генералии шаҳр, ки аз ҷониби муассисаи «Гипрогор»-и Маскав таҳия шудааст, қарор намуда буд, 36 бино аз маркази Душанбе бардошта шаванд.

Тавре аз шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, “дар доираи ҳамоҳангсозии бинову иншооти атрофи майдони «Дӯстӣ» 36 бино дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Бохтар, Руставели, Пушкин ва Теҳрон бардошта мешаванд. Аз ҷумла, тахриби бинои “Тоҷиктелеком”, бинои раёсати муҳофизати ғайриидоравӣ, бинои маъмурӣ ва дафтарҳои корӣ, бинои маркази Фалак (осорхонаи Гурминҷ Завқибеков), додгоҳи Исмоили Сомонӣ, биноҳои маркази варзишии “Таэквандо”, мағозаю қаҳвахона, Додситонии шаҳри Душанбе, сафоратхонаи Эрон, бинои вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ҳудуди 22 бинои истиқоматии аз 1 то 4-ошёна дар назар аст.” Шаҳрдорӣ дар қарори худ аз масъулин хоста буд, соҳибони биноҳои чаппашаванда огоҳ гарданд ва ҳаққи қонунии онҳо дар сатҳи зарурӣ ба онҳо дода шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хеч нафахмидам, Накшаи генералии пойтахтро пеш Хукумати Точикистон тасдик мекард ва он барои 25-30 сол пешбини мешуд. Ин чи хел Накша, ки ба он раиси шахр хар вакт тагйиру илова ворид мекардааст ва умуман, кай ба ин масъала нукта гузошта мешавад. Мо то хол варианти нихоии Накшаи генералии Душанберо надорем. Это бардак и безобразие...
Посух додан
  • мэр

  • 1 октябр 2013 02:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Худо ба ин корхо буза ханда мегираду хара гуз. Инхо чи фикр мекарда бошан?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!