Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:14

Хашми кишварҳои арабӣ аз ҳамгароии эҳтимолии Эрон ва Амрико

30 сентябр 2013, 17:13

Матбуоти кишварҳои арабӣ , ки ҳамгароии эҳтимолии Эрон ва Амрикоро хатаре роҳбурдӣ барои нақши минтақаии худ медонанд, ба шиддат нисбат ба таҳаввулоти равобити Эрон ва Амрико вокуниш нишон медиҳанд.

Ба гузориши “Форс”, сиёсати бози Эрон дар сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Ню Йорк ва тамоси телефонии Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо Ҳасани Руҳонӣ дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои хориҷӣ, ба вижа арабзабон қарор гирифтааст. Дар ин миён бархе режимҳои арабии тарафдори Амрико, ки нисбат ба ҷойгоҳи минтақаии худ дар ин ҳамгароии эҳтимолӣ ҳисси тарс доранд, мавзеъи хашмгинона ва шубҳаомезе ба худ гирифтаанд.

Рӯзномаи фароминтақаии “Алшарқ алавсат”, вобаста ба Арабистони саъудӣ, ки аз фазои бози сиёсии мавҷуд норозӣ ба назар мерасад, дар матлабе навишт, ки нуктаи нигаронкунанда дар мавзеъгирии Обама дар суханронӣ дар Созмони милал дар мавриди Эрон буд, ба назар мерасад, ки Обама паёмҳоеро барои раиси ҷумҳури Эрон дорад, ки чеҳраи дустдори сулҳ ба худ гирифта аст. Вай тасмим гирифтааст, ки муомилае бо Обама анҷом диҳад ва ба ӯ умри сиёсии бештаре бидиҳад.

“Алшарқ алавсат” дар идома ин саволро матраҳ кард, ки эрониҳо то чӣ андоза аз тавлиди силоҳи ҳастаӣ фосила доранд? Рӯҳонӣ мегуяд, ки ду сол замон ниёз дорад, то музокирот барои ҳалли мусолиматомези барномаи ҳастаии Эрон ба натиҷа бирасад. Онҳо барои чи чиз ин қадар замон ниёз доранд? Дар ҳоле, ки дар чанд ҳафта метавон ин музокиротро ба натиҷа расонд.

Ин рӯзнома иддао кард, ки эрониҳо ба дунболи гирифтани вақт ҳастанд, то дар замони дар назар гирифтаи худ эълон кунанд, ки давлате бо қудрати силоҳи ҳастаӣ шудаанд ва баъд аз он дигар ҳамла ба таъсисоти ҳастаии онҳо мумкин нахоҳад буд.

Ин рӯзнома, ки гуиё аз ҳамгароии Эрон ва Амрико бисёр хашмгин ба назар мерасад, иддао кард, ки Эрон, Ҳинд ё Покистон ва ҳатто Исроил нест, эрониҳо ба хубӣ аз қоидаҳои бозии сиёсӣ огоҳ ҳастанд, Обама бо чеҳраи хандони Руҳонӣ ва калимоти ширини вай иштибоҳи ғайри қобили ҷубронеро анҷом дода аст; эрониҳо аз яку ним даҳа қабл мунтазири фурсат буданд.
“Алҷазира” низ дар мақолае бо ишора ба таҳаввулоти ҷиддӣ дар арсаи равобити Эрон ва Амрико навишт, ки тағйири мувозинаҳои қудрат дар минтақа ниёз ба тағйири мизоҷро нишон медод; аз суи дигар аз байн рафтан ё коҳиши ҳаҷми режимҳои ҳампаймони Амрико дар минтақа, аз ҷумла Миср ва Арабистон ва эътимод ба нақши Туркия дар минтақа, боиси ошкор шудани нигарониҳои муштарак миёни Эрон , Амрико ва ҳатто Исроил шуда буд.
Ин мақола руйкарди Ғарб, Амрико ва Аврупо дар қиболи Эрон ва барномаи ҳастии ин кишварро яке аз монеаҳои ин ҳамгироӣ донист ва иддао кард, ки оё замоне мерасад, ки Исроил ва Амрико ба моҳияти барномаи ҳастаии Эрон пай бибаранд?

Аз суи дигар бо вуҷуди инки Руҳонӣ эълон карда аст, ки бо ихтиёроти комил дар Вашингтон ҳузур пайдо карда, ин мақола иддао кард , ки тарзи муносибати муассисоти динии суннатӣ ва бархе муасисаҳои низомӣ бо ин мавзуъ, метавонад дар раванди музокирот сарнавиштсоз бошад. “Алҷазира” маҷлиси усулгароии Эронро аз дигар монеаҳои эҳтимолии ин ҳамгароӣ хонд ва дар поён ин саволро матарҳ кард, ки оё ин ҳамгироӣ метавонад дар сатҳи матлуб анҷом гирад, ки сиёсатҳои ду тарафро тағйир диҳад.

Рӯзномаи саъудии “Алриёз” дар ин бора иддао кард, ки Ҳасани Рӯҳонӣ ба унвони раиси ҷумҳур ихтиёроти маҳдуде дорад, аммо ин бор раҳбари инқилоби исломии Эрон ихтиёри комил ба вай дода аст ва ҳарфи вай дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ҳарфи охир аст. Ин рӯзнома навишт, ки Рӯҳонӣ дар сафар ба Ню Йорк ба дунболи ҷалби дустии тарафи муқобил баромада, борҳо аз тамоюли кишвраш барои оддисозии равобит бо Ғарб парда бародошт.

Абдулборӣ Атвон, таҳлилгари саршиноси араб дар ин замина назари дигаре дорад, вай зимни таҷлил аз дастоварҳои сафари Рӯҳонӣ ба Ню Йорк ва интиқод аз сарони режимҳои арабӣ, дар мақолае навишт: раиси ҷумҳури Эрон худро дар маркази таваҷҷуҳоти маҷмаъи умумии Созмони милал қарор дод ва агар нагуем дар ин маврид аз ҳамаи ҳамтоёни худ пешӣ гирифт, бояд бигуем аз бештари раисони ҷумҳури ҷаҳон, аз ҷумла раиси ҷумҳури Амрико, бештар дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт ва далели ин амр низ он буд, ки Рӯҳонӣ намояндаи кишваре аст, ки “на”- и бузурге ба Амрико гуфт ва ба ҳеч ваҷҳ аз киштиҳо, ҳавопаймоҳо ва таҳдидҳои ошкор ва пинҳони он, наҳаросид.

Атвон таъкид кард: тасвир ва ваҷҳаи мо арабҳо дар маҷмаъи умуми Созмони милал шармовар буд. Мо дар гузашта низ чунин будем ва ҳеч нақше дар ҷаҳон надоштем, касе барои мо эҳтироме қоил намешавад ва масоили мо ҳам барои онҳо муҳим нест.

Вай аз хашму ва ҳароси исроилиҳо аз муваффақияти дипломатияи эрониҳо гуфт ва афзуд, барои исроилиҳо , ки ҳамеша Амрикоро барои овардани фишор бар Эрон ва ҳамла ба барномаи ҳастайи ин кишвар таҳрик мекунанд, маълум шуд, ки бо ин сифатҳо, Амрико аз қудрати низомӣ барои ҳамла ба барномаи ҳастаии Эрон истифода намекунад.
Атвон ёдовар шуд: бо таваҷҷуҳ ба раванди авзои мавҷуд, мумкин аст Амрико дар оянда Эронро ба унвони қудрати бузурги минтақа ба расмият бишиносад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Dev

  • 1 октябр 2013 01:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Arabhoi sustmorhur hudashon,ki tifokiro namedonand az peshravii digaron anguzsht megazandu dar hashmand. Bravo Iron , bo har rohe naboshad harfi hudro guftu meguyad...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!