Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:22

Боздошти шаҳрвандони Камеруну Гвинея барои таҳияи долларҳои қалбакӣ

1 октябр 2013, 09:19

Мақомоти амниятии Тоҷикистон се шаҳрванди Камерун ва як сокини Гвинеяро боздошт кардаанд, ки дар Хуҷанду Душанбе машғули таҳияи долларҳои қалбакӣ будаанд.

Ба қавли онҳо, ин афрод худро шаҳрвандони Фаронса муаррифӣ карда, қасд доштаанд, ҳудуди як ё ду миллион доллари қалбакиро омода ва ба бозор бароранд. Кумитаи амнияти миллӣ бо нашри иттилоияе гуфт, ин афрод узви гуруҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ буда, то ин ки ба Тоҷикистон биёянд, таҳти пайгарди қонунӣ қарор доштаанд.

“Идораҳои дахлдори Тоҷикистонро мебоист ҳангоми судури раводид ба чунин афрод, ки аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ маҳсуб гардида, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, тартибу қоидаҳои мавҷудаи санадҳои меъёриро риоя намоянд”,-омадааст дар иттилоияи Кумитаи амният.

Ба қавли мақомот, ин афрод бо истифода аз доруворӣ ва коғазҳои махсус аз 1 банкноти доллари ҳақиқӣ 2 адади қалбакии онро омода мекардаанд: “Онҳо ният доштанд, бо баҳонаи таҳияи асъори қалбакӣ маблағҳои калони пулиро аз шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт намуда, сипас ҳудуди ҷумҳуриро тарк кунанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин шербачахои амнияти милли! Канд занед, бо ин корхои намунавиатон шоистаи тахсин хастед. Шумо хастед, ки чашми душманони миллати точик метарсад. БАРОРИ КОР ВА КОМЁБИ ТАМОННО ДОРАМ БА ШУМО! БИГЗОР ДОИМО КОРХОЯТОН НАЗАРАС БОШАД, ТО ДУШМАНОН КАМБУДИРО ГУМ КУНАНД!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мухочирбача,
Ин кори муқаррарии амнияти миллӣ аст, ҳеҷ ҷойи таҳсину офарин надорад. Вақте О. Тутубалина шоири тоҷик Бозор Собир ва тамоми зиёиёни тоҷикро ба наҷосат баробар кард, куҷо буд он амнияти миллӣ? Магар худи амниятиҳо ба гурӯҳи зиёиён дохил намешаванд? Чаро ҳақорати як зани русро хомӯшона фурӯ бурданд?
Дуввум инки, ба ҳамон "ИДОРАҲОИ ДАХЛДОРИ ТОҶИКИСТОН", ки амниятиҳо аз онҳо гила гардаанд, Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ) ва худи Кумитаи амнияти миллӣ дохил мешаванд, ки масъӯлияти визадиҳиро ба ӯҳда доранд. Ҳар як корманди ВКХ аз санҷиши сахти амният мегузарад. Пас, гуноҳ аз кист, ки кормандони визадеҳ дар иҷрои вазифа бемасъулиятӣ нишон медиҳанд, чапу рост визафурӯшӣ мекунанд ва барои ин, солҳои сол ҷазо намегиранд? Баръакс, вазифаҳои болотарро соҳиб мешаванд. То даме дар мамлакат ба истилоҳ, "тағабозӣ" дар идораҳои пураҳамияти давлат ҷойи муҳимро ишғол мекунад, оромии ҳар яки мо зери хатари ҷиддӣ аст!!!!!!!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!