Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:35

Ифтитоҳ ва убури мошинҳои Раҳмон аз нақби "Чормағзак"

1 октябр 2013, 09:45

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 1-уми октябр, нақби мошингарди Чормағзакро, ки дар масири Душанбе-Данғара-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма-сарҳади Чин бунёд ёфтааст, расман ифтитоҳ намуд.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба нуқтаи идораи нақб ворид шудааст, ки аз ин ҷо ҳаракати мошинҳо аз ду самт, кори шабакаҳои рӯшноидиҳӣ ҳавокашӣ, зиддисӯхторӣ ва ғайра тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти навтарини дигар назорат ва идора карда мешавад.

Инчунин ба иттилои манбаъ нахустин шуда, аз нақби “Чормағзак” қатори мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон убур намуда, нақбро мавриди истифодаи умум қарор доданд.

Гуфта мешавад, баъди ба истифода додани нақби "Чормағзак" масофаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар қиёс ба роҳи автомобилгардӣ Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 100 км кӯтоҳ мешавад.

Дарозии нақби "Чормағзак" 4 ҳазору 450 метр буда, барои бунёди он ва аз таъмири асосӣ баровардани роҳи автомобилгардӣ Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб 630 миллион сомонӣ, баробар ба 143 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби қарзҳои ҷудонамудаи ҳукумати Чин масраф шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чам

  • 1 октябр 2013 10:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
еее харчираеее. Бехтарин кор. Мо бо шумоем чаноби Оли,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мана мешудаску ана шудоску ободи асосан секин секин Точикистони мохам обод мешавад мардум оптимист шудан даркор охир Америкахам якбора Америка нашудаску эх ха. Молодец ба хами Мардак ошаш шавад тавонист дар даврахои мушкилии мардум омад ва то холо бо мардум на мисли баъзехо дар вакти вазнини солхо 90-ум дар Техрону дар Маскаву дар дигару дар дигар шахро кайфу сафо накарду хизмат кард. Онхое, ки дар вакти мушкилии мардум кишварро тарк кардан боз холо кам кам дилашон мансаб мехохадееее. О шарм намедоред шумо факат даст болои калби худ гузота ахсан гуед ва ба ин Марди нотарс (на мисли шумо тарсу) касак занед. Озодагон бехтари хабарро имруз расонди барои ту хам ташаккур. Интизори нашри ин фикри худ, ки баъд аз шунидани ин хабар эчод шуд. Бо умеди тавфик.
Посух додан
  • Таксист

  • 1 октябр 2013 11:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Харчи ки накба кушоданд, вагар на аз 3 сомон супорида безор шида бдем! Пеш ай буриданти такрибан дар давоми 2 хафта, кормандони макомоти кудрати дар назди накб меистоданд ва барои гузаштан аз ронандагон 3 -5 сомони мегирифтанд!
Посух додан
  • Ватандор

  • 1 октябр 2013 13:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин, бехтарин кор! зинда бод Точикистон!
Посух додан
  • abd

  • 2 октябр 2013 17:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
насиб кунад мардуми точик ин макб.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!