Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:31

Таҷҳизоти барқии офтобӣ ба аҳолии кӯҳистон ҳамчун кӯмак тақсим мешавад

28 июл 2011, 06:39

Беш аз 2 ҳазор маҷмўи таҷҳизоти барқии офтобиро аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид кардаанд.


Ин фанноварии муосир, ки имкони истеҳсоли қувваи барқро доранд, ҳамчун кўмак ба аҳолии минтақаҳои кӯҳистони кишвар тақсим карда мешаванд.

Ба иттиллои вазорати энергетика ва саноат, як маҷмўаи таҷҳизоти барқии офтобӣ иқтидори 30 Вт-ро дошта,  аснои насб гардидан қувваи он боз зиёдтар мегардад. Аз ин намуди таҷҳизот 85 адад дар манзилҳои истиқоматии сокинони минтақаи Яғноб насб намудаанд. Дар назар аст рўзҳои наздик таҷҳизоти барқии офтобӣ 100 адад ба сокинони ноҳияи Балҷуувон, 100 адад ба ноҳияи Ховалинг ва 1, 5 ҳазор ба сокинони  ВМКБ дастрас хоҳанд шуд. Боқимондааш боз ба дигар навоҳии кишвар фиристода мешаванд. Чунин таҷҳизоти барқи офтобӣ бо ташаббуси президент  ва дар доираи ҳамкориҳои вазорати энергетика ва саноат бо кишварҳои хориҷа ба муносибати 20- солагии истиқлолияти миллии Тоҷикистон  ворид гардидаанд, афзуд манбаъ. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!