Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:19

Парлумон розӣ шуд, пойгоҳи Русия то соли 2042 боқӣ бимонад

1 октябр 2013, 11:30

Вакилони Маҷлиси Намояндагон баъд аз таътили тобистона рӯзи якуми октябр ба кори худ оғоз намуда, қарордоди Душанбеву Маскав дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-и Русия то соли 2042-ро баррасӣ ва тасвиб карданд. Аз 59 вакиле, ки рӯзи 1-уми октябр дар толори Маҷлиси Намояндагон ҳузур доштанд, 57 нафар ба тарафдории он райъ доданд.

Ин тарҳи созишномаро, ки 18-уми сентябр аз сӯи президент Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон пешниҳод шуда буд, Шералӣ Хайруллоев -- вазири дифои Тоҷикистон муаррифӣ кард. Ӯ гуфт, дар пайи тасвиби ин тарҳи созишнома Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти бе боҷи маҳсулоти нафтӣ, сохтмони нерӯгоҳи хурду миёна ва амнияти будубоши шаҳрвандонаш дар Русия манфиат хоҳад дид. Ин аст, ки оқои Хайруллоев тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро аз манфиат холӣ надонист ва аз вакилон хост, бетафовут набошанд.

Масъалаи тасвиби қарордоди миёни Душанбеву Маскав дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201 бештар аз як сол боз мавриди баҳси расонаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон ва сокинони одӣ қарор дорад. Вале вақте Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, аз вакилон хост, агар суоле ё пешниҳоде дошта бошанд, бигӯянд, аксари вакилон дар ҷавоб кафкӯбӣ карда, тасвиби бидуни баҳси онро дар миён гузоштанд.

Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон, аз ҳамтоёни худ хоҳиш кард, ба тарафдории ин созишнома, ки тарҳи он соли гузашта аз тарафи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст, овоз диҳанд. “Чун манфиати сиёсӣ дорад”,-гуфт ӯ. Номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков ҳам гуфт, тарафдорӣ аз созишномаи мазкур ба манфиати давлат буда, “бояд ин созишнома бидуни шубҳаву гумон қабул шавад.”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумон, ҳам суханронӣ карда ва аз ҷумла гуфт, “аз нигоҳи мо Тоҷикистон ба унвони як кишвари соҳибистиқлол бояд мустақилияти худро ҳифз карда, қудрати таъмини амниятро дошта бошад. Аммо воқеият ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба баъзе хатарҳои минтақаӣ шояд мо амнияти худро таъмин накарда бошем. Агар чунин таҳдид бошад, пас, фикр мекунам, мо маҷбурем интихоб кунем, ки яке аз кишварҳои қудратманд бояд дар Тоҷикистон пойгоҳ дошта бошад. Шояд Русия интихоби дуруст аст, бо дарназардошти таърихи ҳамкорӣ ва муҳоҷирон.”

Бо ин ҳам оқои Кабирӣ гуфт, онҳо бисёр мехоҳанд ва тарафдори онанд, ки Тоҷикистон ба унвони кишвари мустақил бояд амнияташро тамъин кардаву дастнигари касе набошад. “Илова бар ин, вақте ба ин монанд созишнома матраҳ ва ё баррасӣ мешавад, бояд ҳамаи мардум иттилои кофӣ дошта бошанд. Бахусус дар созишномаи мазкур, ки чӣ шарту шароит буд ва Тоҷикистон чӣ бурду чӣ манфиат дошт, мо намедонем”,-афзуд ӯ.

Созишнома дар бораи будубоши 30-солаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби президентҳои Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо гардида буд. Пойгоҳи 201-и Русия бо тақрибан 7 ҳазор сарбозу афсар бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ дониста мешавад. Бар пояи созишномае, ки ҳамакнун барои тасдиқ ба парлумони Тоҷикистон ироа шудааст, замони ҳузури ин пойгоҳ ба камияш то соли 2042 тамдид хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои, кӣ нависам достоне,

Ки, ин миллат надорад қахрамоне.

Бародаркушт бародар қаҳрамон шуд,

Гирифт ҷоизаву фахри замон шуд.

Ба сад умеду орзуву ормон,

Ба насли худ бимонд номи Сомон.

Куҷое аблаҳе буд муътабар шуд,

Раванди зиндагӣ аз бад бадтар шуд.

Намонда эътибор бар илму олим,

Гирифтор олимон бар чанги золим.

Тамоми шоирон маддоҳ гаштан,

Халоиқ ҷумлагӣ гумроҳ гаштанд.

Ба якдигар касе бовар надорад,

Ки рӯзе мерасад довар надорад.

Писар дар хизмати модар падар нест,

Падар дар фикри фардои писар нест.

Ба дигар дарду ҳамдарди намондааст,

Ҷавононро ҷавонмардӣ намондааст.

Фирори гаштаанду, мардикорӣ,

Занону кудакон дар интизорӣ.

Занон аз фоқа доранд танфурушӣ,

Бародарҳо ба лаб муҳри хомушӣ.

Ҳамехоҳам занам ман сар ба санге,

Ки тоҷик гашта муҳтоҷи мазанге.

Касал бисёру доруҳо куҷоянд,

Табибони замон чун аждаҳоянд.

Худои ишқ, руйгардонд аз мо,

Вуҷуди одамӣ шарманда аз мо.

Дуруғин менависад матбуоташ,

Шудем ҳайрон миёни обу оташ.

Агарчи қалбҳомон дар хуруш аст,

Вале аз тарси ҷон лабҳо хамуш аст.

Ҳаметарсам ман аз ин дору зиндон,

Магу ин достон дар пеши нодон.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ильхом,
Мошаллох! Бехтарин гуфти бародар! Худованд, хамеша забон бурро монад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Аз 59 вакиле, ки рӯзи 1-уми октябр дар толори Маҷлиси Намояндагон ҳузур доштанд, 57 нафар ба тарафдории он райъ доданд".

Ин ду нафари зид хатман хамон ду намояндаи ХНИТ хастанд: чун хамеша мухолиф
Посух додан
  • Нотарс

  • 1 октябр 2013 14:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маълум, ки чанобонро Путинако хуб нозу неъмат хурондаанд. Аз хамин сабаб парлумон косалес набуда, танхо поси намаки Путинтагоро доштаанд. Охир харчи набошад мухочират бахонаи хубе барои пушондани тарсуиву буздилии онон аст.
Посух додан
  • шокубод

  • 1 октябр 2013 15:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар ин миллат интихоби дигаре доштбошад? На надорад.. Солхои 1992-97 кушуни кахрамони фронти халкии музаффарро ки пируз шуда буд 80 фоиз гайри миллатхо ташкил карда буданд. агар русхо набошанд ин бор аз миллат номе нахохад боки монд мугулу туркзодагон омодаанд ин номро аз кишвар пок кунанд. так что мо ба русхо ниёз дорем гурури хушку холии баъзе зиёиёни точик хеч натичае ба бор намеорад. мисли гурури шикастаи шоири номи. Пешниходи номзадон ба макоми раисчумхур бори дигар собит намуд, ки дар майдони миллат факат як мард аст, боки мушт бар синаи холи мекубанд дигар хеч...ягона илотакя бапр аклу илму дониши замон аст. мутаасифона майли ин мардум бар таасуби динист., ки хатман чомеаро суи солхо асри 8 мебарад. инкиоб дар аклу хирад ва хуввият мебояд на дар сиёсат....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Vinimane vinemane

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!