Бахшҳо

Раҳмон номи нақби “Чормағзак”-ро ба "Хатлон" тағйир дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 1-уми октябр, нақби мошингарди Чормағзакро, ки дар масири Душанбе-Данғара-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма-сарҳади Чин бунёд ёфтааст, расман ифтитоҳ намуд.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба нуқтаи идораи нақб ворид шудааст, ки аз ин ҷо ҳаракати мошинҳо аз ду самт, кори шабакаҳои рӯшноидиҳӣ ҳавокашӣ, зиддисӯхторӣ ва ғайра тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти навтарини дигар назорат ва идора карда мешавад.

Инчунин ба иттилои манбаъ нахустин шуда, аз нақби “Чормағзак” қатори мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон убур намуда, нақбро мавриди истифодаи умум қарор дод. Ба иттилои хадамоти матбуоти раисиҷумҳур ин нақб бо харҷи беш аз 300 миллион сомонӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара сохта шудааст. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии тантанавӣ дар шаҳри Норак, таъкид кардааст, ки акнун масофаи шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб нисбат ба шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб 100 км кӯтоҳ шуд ва амнияти ҳаракат низ беҳбудӣ ёфт.

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ин нақби навбунёд ба хотири гиромидошти яке аз қадимтарин воҳидҳои ҷуғрофии сарзамини аҷдодиамон - Хатлон номгузорӣ шавад. Инчунин Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор бунёдкорони ин нақби мошингард, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Чинанд ордену медалҳо тақдим кардааст.
Мӯҳр
Шоҳид
Хайрият Дангара ном нагузоштиянде

о
Номхои таърихиро иваз намудан нодуруст аст. Хатлон гуфтани давлат е вилоят хеч гох вучуд надошт. Соли 1992 ташкил шудааст.

Dev
о,
Hutalon edat rafta azizam ? Behtar mebud Hutalon, jo Vose" nom menihodand, na Hatlon !

Нодор
Чи хел вучуд надошт? Хатлон хамун Хуталони бостонист !

Мухтарам нол барои кадими будани номи Хатлон як бор ба таърих назар андоз.шуморо аз номатон маълум ки сифр хастед

о
Дар таърих Бохтар буд, Сугд буд, баъд Бухоро буд. Лекин Хуталон шояд ягон кишлокаки хурде буд. Танхо дар чанд рубои кайд шудааст.

Ватандор
Ту купнамак, фаркаш чи ки, чи ном гузошта. Асос ки кушода шудШоҳид,

Ватандор
дар хакикат аз нол хам камтар будаед!

Чамшед 8808 н.Восеъ
Сифр буданатро бе шак маълум карди. Чормагзак номи таърихияй? фаркаш чи номаша чи мемонанд Бигузор КАДУ монанд лекин рохи хамвору тозаву озодаю бе хатар бошад. Ба чои шукр гуфтан факат айбчуи мекунем, Хеч бахона, ки наёфтед дарав номашро капидед. И точик мардуми мо хеч гох ба ин дилсиёхию айбчуи ва бадгуи пеш намеравад. Зинда бошед Чаноби Оли. Мо мардуми н.Восеъ бехад шод шудем аз ин кори некатон.
о,

НЕЪМТ
РАХМАТИ ХУДО БОД. БА ХАМИН ЧАНОБИ ОЛИ КИ ИН КАДАР МЕХНАТ МЕКУНАД. КАСИ ЧИЗЕ МЕГУЯД БИГУЗОР ГУЯД. ДАР ЗАМОНИ ШУРАВИ НАШУДАГИ КОРХОРА КАРДА ИСТОДААСТ.ХАР КИ ГАПИ БАД МЕГУЯД У ТАМБАЛ АСТУ БЕХАБАР АЗ ХУДО АСТ.

Худоба шукр, рохи Душанбе Кулоб боз хам наздиктар шуд. Акнун метавонем озодана дар 2 соату 30 дакика аз Душанбе ба Кулоб равем.
Насиб бошад дар интихобот бе ягон мулохиза ба Чаноби Оли Эмомали Рахмон овоз медихам.

man
як марде буд зиндагияш кашшок, дар хонаш харруз чанчол, фарзандонаш аз камбудии моли ва бесавод монданашон шикоят мекарданд вале у ба ин хама ахмият намедод суханаш якто буд, ахли оила аз у метарсиданд. он мард номус кард ва гуфт ман ин хама чанчолхо ва нобасомонихоро ба итмом мерасонам. аз хона баромад ва рафт дунболи дарёфти пул вале аз дасташ хеч коре намеомад саводи казои хам надошт. чун кавл дода буд ноилоч аз хамсояхо карз пурсид хамсояхо низ бе хеч норозиги карз додан, чун медонистан агар карзро дода хам натавонад замин дорад, духтар дорад, зан дорад.... якеашро мегирему карзамон тамом ва ё ахли оилаашро гуломвор кор мефармонем.
он мард пули зиёд карз гирифт вале писарони беаклаш ва хамсари пулдусташ хурсанд. хамсараш ту яктои мегуфт писаронаш шукрона карда мегаштанд, вале мутаасифона расид замоне ки карздорхо ба суроги карз омаданд. он мард аз тарс инфакт шуда мурд ва карздорхо тамоми меъроси уро хато фарзандонашро байни хам таксим карданд. яке занашро дигаре духтрашро ва дигари писарашро....
бо карз шукрона кардан гунох аст чан хадиси Паёмбари акрам (с) чунин аст (Карз зиллат аст)
эй шукркунандагони карз бидонет ки зиллат рузе шуморо фаро мегирад...

Чамшед 8808 н.Восеъ,

Албатта, ободи бехтар аст аз вайрони.
Лекин бародари азиз, ин чанобатон ягон рох ё корхонаро бо пули худ сохт?
Хамааш карз кати.
Ин Хитой карз медихад, медихаду якбора мегуяд, ки пула те.
Натавони, заминатро дех.
Хитой 90% коргару мутахассисаш ва тачхизоташро оварда, карзи додаашро боз ба коргарони худ бармегадонад.
Камтар дуртарро бинед, ака.

нолро медонем кист..и бесаводи аз чумхури баьд аз ноодами карданаш гурехта рафта баргашта наметавона Барои хамин криса барин факат аз интернет гап мезана.Чаноби Оли рахмати калон барои тунехои Сугд Сугдиён бо Шумоянд

беном
Хой мардум шукрона кунед ки чунин сарвари давлат доред

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)