Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:17

Таҳқиқот: Зиндагии пиронсолон дар Тоҷикистон аз Русия беҳтар аст

1 октябр 2013, 16:20

Бар асоси пажӯҳиш ё таҳқиқоти “Global Age Watch”, Тоҷикистон аз рӯи сатҳи зиндагии пиронсолон миёни 91 давлати ҷаҳон дар зинаи 52-юм қарор дорад.

Дар ин таҳқиқот, ки аз сӯи созмони байналмилалии Help Age International гузаронда шудааст, зикр мешавад, теъдоди пиронсолон то соли 2050 дар ҷаҳон ду баробар зиёд шуда, ба 22 фоизи шумораи умумии аҳолии ҷаҳон мерасад. Таҳиягарони ин пажӯҳиш зимни муайян намудани сатҳи зиндагии пиронсолон, ба танҳоӣ, сатҳи даромад, тандурустӣ, сатҳи маълумот, дастрасӣ ба нақлиёт ва ғайра аҳамият додаанд.

Аз кишварҳои Шӯравии пешин дар раддабандӣ ба ғайр аз Тоҷикистон инчунин Русия (78), Эстония (29), Гурҷистон (37), Латвия (45), Литва (50), Арманистон (51), Беларус (60), Қирғизистон (63), Украина (66), Молдова (76) ворид шудаанд.

Дар рӯйхати “Global Age Watch” ҷои аввалро кишварҳои Аврупо - Шветсия (1), Норвегия (2), Олмон (3) ва инчунин Канада (5), Амрико (8) Зеландияи Нав (7) соҳиб шудаанд. Ин таҳқиқот аз 193 кишвари ҷаҳон танҳо 91 ададашро фаро гирифта бошад ҳам, дар қаламрави кишварҳои омӯхташуда, 89 фоизи ахолии замин ба сар мебаранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!