Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:08

Боз дар бораи "Баҳористон". Ин дафъа қиссаи "лагер"-у Зайд Саидов

1 октябр 2013, 16:32

НӮФАРН-4,
барои “Озодагон”


Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон гузориши Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро дар мавриди ноболиғи русе, ки гӯиё қурбони таҷовузи Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик шудааст, ҳамчун “бозёфти нодир” бо тоҷикиву русӣ такрори ба такрор пахш мекунанд.

Ин гузоришро ба ҷуз аз телевизиони кӯдакон ва наврасон - “Баҳористон” ҳамаи се шабакаи давлатӣ (“Шабакаи аввал”, “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо”) манзур карданд. Шояд “Баҳористон” ҳам намоиш дод, вале ман надидам. Ростӣ, интизор доштам, шабакаи кӯдакон ва наврасон низ ин гузоришро начакондаву нарезонда пахш мекунад ва шояд чунин ҳам шавад, зеро одати телевизионҳои мост, ки такрори чунин гузоришҳоро дӯст медоранд.

Вақте аз нашри филми вижае бо номи “Пойбанди нафрат”, ки дар мавриди қатли бераҳмонаи як ноболиғ ва бачабозӣ суҳбат мешуд, тавассути “Баҳористон” нигаронӣ карданд, тавре интизор мерафт, афроде пайдо гардиданд, ки мегуфтанд, раҳбарияти ин шабакаи кӯдакона дуруст рафтор кардааст. Ба иддаои онҳо, бояд ба кӯдакон аз чунин ҷиноятҳо гуфт, то ҳушёр шаванд.

Зимнан, бо таваҷҷуҳ ба ҳарфҳои чунин “ҳимоягарон”-и раҳбарияти телевизиони “Баҳористон” гузориши оҷонсӣ низ барои кӯдакону наврасон аз манфиат холӣ набуд. Аввалан, “қаҳрамон”-и гузориши агентии зидди коррупсия ноболиғ буд, ки ба таъкиди таҳиягарони гузориш “баръало ба синни 14 нарасида буд” ва барномаҳои “Баҳористон” маҳз барои онҳо нигаронида шудааст. Дуюм, раҳбарияти шабака иддао мекарданд, ки гузориш барои он намоиш дода шуд, ки ноболиғон дигар ба доми ҳар нафаре, ки ба онҳо лагер ваъда мекунад (дар гузориши оҷонсӣ гуфта мешуд, ки Зайд Саидов ин русдухтари ноболиғро ҳамроҳи модараш лагер ваъда карда, аммо ба бӯстонсарояш мебарад ва таҷовуз мекунад), бовар накунанд...

“Далел”-ҳои дигарро барои ҷонибдорони Зевар Давлатова ва масъулини Кумитаи телевизион ва радио вомегузорем. Бигзор онҳо даҳҳо сабаби зарурати намоиш додани чунин барномаву гузоришҳоро таъкид намоянд. Чун суҳбат аз Зевар Давлатова рафт, дар навиштаи қаблӣ аллакай гуфта будам, ки ӯ дигар ҳамчун журналисти касбӣ барои ман арзише надорад. Ва тавре медонед, аз чунин афрод (онҳое ки ҳирфаӣ нестанд) ҳама чизро интизор шудан мумкин аст: аз намоиш додани барномаҳо дар бораи бачабозӣ (дар филми “Пойбанди нафрат”, ки шуруъ аз шоми 20-уми сентябр намоиш дода шуд, Сомон Муҳаббатови 20-сола мегуфт, моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт ба бадани Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола 10-12 кордча зада ва баъдан ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст. Ба ҷуз ин Муҳаббатов бархе аз устодонашро дар таҷовуз ба номуси худ ва бархе аз ҳамсабақонаш муттаҳам донист. Ӯ дар ин замина аз 4 нафар ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ бархеи онҳо имоматии баъзе аз масоҷиди панҷвақтаро бар дӯш дошта, баъзеяшон ҳам бекор будаанд) то ишқварзӣ (дар филм нақш бозидани як ё ду наврас ба маънии он нест, ки он барои кӯдакон бошад) ва ҷангу зӯр (ҳамин тариқ дар ин шабакаи кӯдакон ва наврасон филмҳое ба эфир мебарояд, ки дар онҳо латту кӯбу афту дарафт меҳваранд).

Аммо пеш аз хатми ин навишта як лаҳза баргардем ба гузориши Оҷонсӣ. Хеле аҷиб буд, вақте дар ин гузориш номи ҲНИТ ва муллоҳо гирифта нашуд. Чанд моҳи ахир он қадар ҲНИТ-у аъзояшро телевизионҳо бад карданд, ки ҳатто дар консертҳо низ одам баъзан фикр мекунад, ки ҳамин ҳоло аз ҲНИТ интиқод мешавад.

1. P.S. Шабакаҳои давлатӣ гузориши Оҷонсии зидди фасодро дар ҳоле намоиш доданд, ки парвандаи Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик муҳри махфӣ дорад. Ман-ку ҳуқуқшинос нестам, аммо ба гумонам бо парвандаҳои махфӣ чунин рафтор намекунанд. Гузашта аз ин, гузоришгарон Зайд Саидовро кундаланг дар таҷовузи ноболиғдухтари рус муттаҳам мекарданд, дар ҳоле ки танҳо додгоҳ ҳаққи гунаҳкор шинохтан ё нашинохтани муттаҳамшударо дорад.

2. P S. Хоҳиш мекунам, вақте шарҳ менависед, ба мантиқи ин навишта аҳамият диҳед, на ба шахсияти муаллиф ё исбот кардани он ки матлаб дар ҳеч қолаби жанрӣ мутобиқ нест. Дигар, Худо нигаҳбонатон!


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ориф

  • 1 октябр 2013 16:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сахт метарсам ки ин навбат як писрабачаи 9-10 соларо дарефт карда нагуянд ки инро хам Зайд тачовуз кардаст....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ай сериали туркирам гузаронданша и мурофиара

сериал навбати ба наздики
Посух додан
  • hazrat

  • 1 октябр 2013 19:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hama medonand ki in hama ittihomhoi zidi Zaid Saidov tuhmatand Hudovand in mardi begunohro ozod kunad
Посух додан
  • Sherbacha

  • 1 октябр 2013 20:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ya tuhmate kuned ki..kamtar ba rost tugri gira..duhtari 1 kuma 14 sola gufte hama did ki 35 solaay..sharmanda shude...bo Izo nakashida i duhtari digara ay kjoei diga yoftian isha bo solsha vapshe kam guftan...Tuhmat kada nametoni nakune ohi...Megan ku ya duruge bugu ki ba durug monand bosha...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хахаха о чаро бар ин иттихом боз илова накардан ки хнит гунахкораст ки зайд сайидов духтари ноболигро тачовуз кардааст. кариб ки одат мекардем ба шунидани ин тухматхо . аз бисёр шунидана кариб азёд шуда буданд...
Посух додан
  • Карим

  • 1 октябр 2013 21:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Умуман ту худат ки хасти ки такрор ба такрор мегуи "Зевар назди ман арзиш надорад" Бовар кун бояд тамоми коркунони се шабакаи дигар корро аз Бахористон омузанд Зевар дунёи фантазияву идеия хаст.Ва мухим нест ки Зевар е кадом як журналисти дигар ба Шумо маъкул шавад мухим он ки баронамахову махсули онхо ба одамон писанд ояд...
Посух додан
  • Hunter

  • 1 октябр 2013 22:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Rostash barodar bafahmidam ki shumo chi guftan mekhosted!?.agar bahoriston in barnomaro nishon nadod, in khub ast yo bad? shumo chiston menavised yo maqola!?
Посух додан
  • MAN

  • 1 октябр 2013 23:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рости дигар ба хеч кас бовар надорам ин Зай агар 3-4 нафарро тачовуз карда бошад ва хар як мансабдор 3-4 нафариро тачовуз кунад пас дар точикистон дигар духтари бокира ёфтан гайри имкон аст ва гуфти бародар Ориф ки шояд писарбачахоро низ чунин тухматро болояш бандан агар ягон писарбачаро чунин тухмат кунанд дигар ман ба худам хам бовари надорам шояд ягон рузе барои хостахои сиёсиашон гуянд ки маро ким кадом як сиёсатмадор тачовуз кардааст
Посух додан
  • Абдуллох

  • 2 октябр 2013 08:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
2. P S. Хоҳиш мекунам, вақте шарҳ менависед, ба мантиқи ин навишта аҳамият диҳед, на ба.....

Гап нест ба шахсиятатон кор намегирем. Аммо бояд гуфт ки бародар макола ва ё матлаби навиштаатон мачмуи гуфтахои бесоси дигаронанд. Яъне Шумо он гапхоеро гуфтед ки аллакай дигарон гуфтанд ягон гапи нав нест. Факат як навовари: агар Бахористон намоиш медод ин мешуд он мешуд гуфтед. холо ин ки намоиш надодааст шояд.
Шарм доштан лозим ака....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар хукумат дар пайи адолат бошад пас натанхо Зайд Сайид балки бояд аксарияти вазирону мансабдоронро ба зиндон бикашанд. мутмаиннан ин гуна тачовуз дар онхо хам хастанд.....
Посух додан
  • Гурдофарид

  • 2 октябр 2013 11:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости шабакаи кудаконаи Бахористона тамошо мекнам ягон барномаи хуби тарбияви надорад. Як бор ба филмхоие, ки намоиш метан назар кунед бачуз дахшату зуровари, ишкварзи ноболигон дигар чизе нест. Шахсан ман ичозат наметам, ки фарзанди ман ё додару хохари ман ин шабакаро тамошо кунанд зеро як намоиш хубе, ки чахонбини кудакоро васе гардонад надорад. Як бор шабакахои хоричиро тамошо кунед бинед барои кудакон чикадар намоишхо бозихо озмунхо ва филмхои тарбиявиро намоиш метиянд бинеду омузед.. то кай кудакои точик филми тасвири томи чериро бо ду роллики бе мантик тамошо кунанд?
Посух додан
  • Гузаронидед

  • 2 октябр 2013 15:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар хамин духтарак коркунони корупсияро ваъда кунад онхо низ не нагуфта рози мешаванд. Хамин духтаракро дилаш ба З.Саидов кашидааст баъд инчо Зайд чи гунахгор. Уро мачбури набурдааст, худаш аз кафои Зайд рафтааст на Зайд аз кафои у. хамон духтарро чавобгар кунед.
Озодагон чоп кун, ки 200 нафар аз шумо хафа мешавад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!