Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:16

“Кишваре, ки ба худаш эҳтиром дорад, ин навъ санадҳоро ройгон имзо намекунад”

1 октябр 2013, 17:48

Тасвиби қарордоди Душанбеву Маскав дар бораи тамдиди ҳузури низомиёни пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст. Вакилони парлумони Тоҷикистон рӯзи якуми октябр, баъд аз таътили тобистона, кори худро бо тасвиби ин созишнома оғоз карданд, ки ҳузури низомиёни рус то соли 2042 дар хоки Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Тарҳи ин созишнома ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои русаш Владимир Путин имзо шуда, танҳо 18-уми сентябри соли ҷорӣ ба парлумон ирсол шуд. Тасвиби ин созишнома дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ин гумонро ба вуҷуд оварда, ки оқои Раҳмон мехоҳад, дар ивази он аз Маскав барои идомаи ҳукуматаш пуштибонӣ бубинад.

Дориюши Раҷабиён, хабарнигори тоҷики муқими Лондон, иҷоза барои будубоши низомиёни рус то соли 2042 дар хоки Тоҷикистонро “ҷуз имзои санади ҳиффату хорию сарафкандагии Тоҷикистон” надонист. Ӯ гуфт, “ин ба он маъност, ки давлат ва миллати Тоҷикистон барои ҳудуди 30 соли дигар зери милаи туфанги Русия хоҳанд монд ва аз ҳеч истиқлоли тамомъайёр хабаре нахоҳад буд. Магар ин ки таҳаввуле сурат бигираду ин санади шармандагӣ худбахуд лағв шавад. Дар ғайри ин сурат, сиёсатҳои калони Тоҷикистон барои ҳудуди 30 соли дигар дар Кремлин тарҳрезӣ мешавад. Дар баробари имзои ин санади хорӣ кӯчактарин имтиёзе шомили ҳоли мардуми Тоҷикистон нашуд.”

Оқои Раҷабиён мегӯяд, ин гуна қарордодҳо дар порлумони кишварҳои дигар рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо баррасӣ мешаванд. Дар ҳоле ки вакилони парлумони Тоҷикистон бидуни баҳсу баррасии зиёд ин тарҳро қобили қабул дониста, ба тарафдорияш раъй доданд. “Кишварҳое, ки ба худ эҳтиром қоиланд, ин навъ санадҳоро ҳаргиз ба ройгон имзо накардаанд. Шояд танҳо имтиёзе, ки барои давлат ҳосил шуд, тазмини пуштибонии Путин аз Раҳмон дар, ба истилоҳ, интихоботи моҳи оянда буд”,-афзуд ӯ.

Аммо Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, бо ишора ба вазъи амниятии минтақа мегӯяд, Тоҷикистон ҷуз тасвиби ин қарордод чораи дигаре ҳам надошт. Ба қавли ӯ, “рад кардани ин масъала ба амният ва суботи кишвар таъсири манфӣ мерасонд.” Вале ин таҳлилгари тоҷик ҳам мегӯяд, агарчӣ дар ин шароит муносибат бо Русия барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, аммо бояд Душанбе дар ивази он имтиёзи хубтаре дарёфт мекард. “Бояд дипломатҳои кишвар талош мекарданд, то ҳадди ақал имтиёзҳое, ки Қирғизистон тавонист ба даст орад, ноил мегаштанд. Фарз кардем, ҳамин дар масъалаи таҷҳизоти артиши миллӣ Тоҷикистон бояд муваффақ мегардид”,-гуфт Парвиз Муллоҷонов.

Қарордод дар мавриди ҳузури низомиёни Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 миёни сокинон ҳам сарусадои зиёдеро ба бор овардааст. Аксари фаъолони ҷомеа бештар ба дахлнопазирии низомиёни рус, ки дар ин созишнома таъкид шудааст, вокуниш нишон дода, норизоӣ доранд. Вале Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, дар сурати даст ба ҷиноят задан ҳарбиёни рус мутобиқи қонунгузории кишвар худ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд ва ин ҷои нигаронӣ надорад.

Пойгоҳи 201-и Русия бо тақрибан 7 ҳазор сарбозу афсар бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ дониста мешавад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳузури низомиёни рус дар хоки кишвар ба манфиат буда, Душанбе дар иваз имтиёзҳое, аз қабили кумаки низомиро дарёфт хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рости шармам меояд. Руссия ягон вакт ва ягон сол бар манфиати Точикистони азиз кор накардааст ва нахохад кард. кабул кардани ин гуна корор худ як чиноятаст ва хиенат асть дар хаки Чумхури ва халки Точик, ки барои вазифаву мансаб шуда ба ингуна чиноят даст заданд Президент ва парлумони Точикистон.. хамаи ин вакилон ва масулоне ки ба ин рох додаанд бояд ба трибунал кашида шаванд!!! 40 000 сарбози Точике ки Рашти Бадахшонро тирборон карданд магар факат барои хамла ба худи Точикстонанд магар ки аз ухдаи як марз намебароянд ???
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин тухфаи пешвоёни нокоми миллати мо ба насли ояндаи миллатаст.

Худ ки ноком дар бозихои сиёсии сатхи чахони хастед, акалан андешаи ояндагонро бояд мекардеду аз 5- ё 10 сол зиёд мухлатро кабул намекардед.

Сарафканда миллат чи ояд бакор!

Як маколи халки хаст, ки мегуяд: Рубохро об бурдасту боз думашро чухт гирифтаст. ин холат ба хамон монандаст.
Посух додан
  • Pеrs

  • 2 октябр 2013 16:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз як рузнона хонда будам, ки барои хуручи нерухои харби аз хоки Афгонистон тавасути ТЧ БА УЗ давлати хамсоя Узбекистон аз Амрикоихо дурбина, ва силох, ё техникаи харби талаб мекардас.Точикистони азиз маблаг ....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дарюши Рачабиён худ хизмате ба мардум накардааст, вале чунин бахогузори мекунад, ки гуё мутахасиси хуби сиёси мебошад. Худ дар Лондону шахрхои дигари Аврупо кайфу сафо карда гаштаасту, амнияти Точикистон ва мардуми онро кори хазл мешуморад. Ман медоам, ки мутахасиси хуби забони форси-дари ва точики мебошад. Забони инглисиро низ хуб харф мезанад, вале заррае хисси ватандусти надорад. Дарахтеро дар кишвар насабзондаву, манзилеро обод накардааст. Хислатхои тамоман гайриточики уро фарогиранд. Вагарна ё одам набояд буд ва ё аз ин олам не, агар он корхоеро, ки дар Точикистон Эмомали Рахмон барои мардум анчом додааст, нодида гирифт.
Як маротиба фикр карда, андеша ронда ва баъд худро сухандону тахлилгар бояд нишон дод.
Маро рости шарм меояд, ки чунин фарзандони беандеша дорем.
Агар заррае Шуморо ранчонда бошам, маъзарат мехохам.
Сарбаланду сарфароз ва муввафак дар чодаи кори тахассусиатон бошед

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!