Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:27

“Истиқлол” ва “Регар-ТадАз” дар финали Ҷоми Тоҷикистон

2 октябр 2013, 09:15

Бозииҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 шоми 1-уми октябр ба анҷом расиданд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 3-0 шикаст дод. Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 5-уми дидор ҳисобро кушод. Дилшод Восиев, дар дақиқаи 13-ум ва Александр Кудряшов дар дақиқаи 65-ум як голӣ ба ҳадаф расонанд. Бозии аввал ин дастаҳо бошад дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ғалабаи “Истиқлол” бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфта буд.

Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “РегарТаАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи “Пахтакор” рақобат карданд. Ин бозӣ бо ҳисоби 2-0 ба нафъи футболбозони дастаи “РегарТаАЗ” анҷом ёфт. Ҳарду голро Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаҳои 9-ум ва 52-ум ба ҳадаф расонид. Дар бозии аввал дар шаҳри Турсунзода дастаи “Вахш” бо ҳисоби 3:2 ғолиб омада буд. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ "Регар-ТадАз" бо ҳисоби 4-3 ғолиб омада ба финал баромад.

Дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАз” дар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон ки рӯзи 5-уми октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор мегардад, барои Ҷоми Тоҷикистон-2013 рақобат хоҳанд кард.

Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” соли гузашата дар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2012 рӯзи 5-уми октябр дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” рақобат намуда замони асосии бозиро мусовӣ 1:1 анҷом доданд. Дар натиҷаи зарбазаниҳои 11 метра бо ҳисоби 6:5 ва бо ҳисоби умумии 7:6 ғолиб омада Ҷоми Тоҷикистон-2012-ро ба даст оварда буданд.

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 ин ҷониб баргузор мегардад, ки дастаи “Регар-ТадАЗ” аз ҳама бештар- 6 маротиба соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!