Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:23

Тошканд боис шуд, “Иркутсккабел” Тоҷикистонро тарк кунад

2 октябр 2013, 09:34

Ширкати киприи Dolen Investments Limited, ки 100 фоизи саҳмияҳои “Иркутсккабел”-и Русияро дар ихтиёр дорад, қарор кардааст, Тоҷикистонро тарк намояд.

Ин ширкат бо пахши як иттилоия гуфтааст, намояндагияшро дар Тоҷикистон лағв мекунад, чун давоми як соли охир ҳаҷми фурӯши ноқилҳояш дар Тоҷикистон чор маротиба коҳиш ёфт.

Ардашер Кулдошев, мудири намояндагии ширкат дар Тоҷикистон дар шарҳи ин қарор гуфтааст, он ба далели монаесозиҳои Узбакистон қабул шудааст: “Дар аввал савдои маҳсулоти мо хуб буд. Аммо баъдан бамаротиб коҳиш ёфт. Ин ба он далел аст, ки Узбакистон имкон намедиҳад, ягон маҳсулоти электротехникӣ ба Тоҷикистон ворид шавад. Пеш аз ҳама ин монеасозиҳо ба бунёди нерӯгоҳи “Роғун” дахл дорад.”

“Иркутсккабел”, яке аз корхонаҳои бузурги электротехникии Русия аст, ки асосан ба истеҳсоли ноқилҳои барқӣ машғул мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!