Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:04

Вазирони дифои тоҷику қирғиз ба Чоруқдарон рафтанд

2 октябр 2013, 10:24

Имрӯз, 2-юми октябр, генерал полковник-Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон ва генерал полковник-Каалайбек Омуралиев, вазири дифои Қирғизистон барои назорат аз марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки низомӣ таҳти унвони “Ҳифз-2013” ба машқгоҳи Чоруқдарони гарнизони ҳарбии вилояти Суғд рафтаанд.

Тавре Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ ба “Озодагон” иттилоъ дод, машқҳои муштарак бо иштироки беш аз 500 нафар хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистону Қирғизистон, чархболҳои ҳарбӣ, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артилерияҳои худгард, тупҳои навъи гуногун ва яроқу аслиҳаи оташфишони ҳарбӣ гузаронда шудааст.

Маҳмадалиев афзуд, машқҳо аз рӯи дастгиру безарар гардонидани гуруҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ташкилу ба роҳ монда шуда, унсурҳои мухталифи зидди терористӣ амалан таҳрезӣ мегарданд: “Ҳадаф аз баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ ин таҳрезӣ намудани назару муносибати ягонаи ҷангӣ дар ташкили амалиёти муштараки зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳистон, ҳамоҳанг намудану сайқал додани маҳорати касбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат, таъмин намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ ва бехатарӣ дар минтақа, табодули иттилооту таҷрибаомӯзи дар таҳия ташкил ва баргузор кардани унсурҳои зиддитеррористӣ мебошад.”

Маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ таҳти унвони “Ҳифз-2013” аз 20-ум сентябр то 2-юми октябр давом доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!