Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:33

ВИДЕО: Master Ismail дар Русия консерти зинда медиҳад

2 октябр 2013, 15:06

Исмоил Исмоилов, мулаққаб ба M.ONE, рэпсарои маъруфи тоҷик дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия консерт медиҳад.

Ин барномаи ҳунарӣ, ки бидуни фонограмма сурат хоҳад гирифт, 10-уми ноябр, соати 18:00 (вақти Маскав) дар майдони Триумф, тавре созмондиҳандагонаш менависанд, чанд қадам дуртар аз истгоҳи метрои "Маяковский" баргузор мешавад. Арзиши чипта барои ин консерт аз 500 то 700 рубли русӣ будааст. Дар гузашта Исмоил Исмоилов ҳамроҳ бо Баха-84, рэпсарои дигари тоҷик дар клубҳои шабонаи чанд шаҳри Русия, аз ҷумла Маскав ва Санкт-Петербург ҳунарнамоӣ кардаанд.

M.ONE ё Исмоил Исмоилов соли 1985 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ яке аз аввалин рэпсароҳои тоҷик гуфта мешавад. Карераи ҳунарии вай соли 1999 оғоз шуда, бештар аз чор соли ахир дар Русия кор ва зиндагӣ мекунад. 3 сол дар тарабхонаи "Хайём" ва феълан ба сифати коргардони овоз дар як студияи шахсӣ фаъолият дорад.

“Тоҷикбача” яке аз таронаҳои Исмайл аст, ки миёни шунавандаҳо маъруфияти зиёде пайдо кард. “Ватани ман”, “Москва”, “Тоқа намемонум” аз сурудҳои дигари ӯянд, ки ҳамчунин ба дӯстдорони рэп писанд омадаанд. Исмоил бо Шабнами Сурайё (Ай бевафо), гуруҳи “Саҳро”-и Узбакистон (Бо ҳам) ва Баха-84, репсарои дигари тоҷик дуэт низ хондааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Суруш

  • 2 октябр 2013 15:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зинда боши Шери нари Точик!!!
Хаеша тандурусту тансихат боши!!!
Посух додан
  • НЕЪМАТ

  • 2 октябр 2013 16:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЗИНДА БОШИ. ИФТИХОРИ МО ТОЧИКОН.
Посух додан
  • и

  • 2 октябр 2013 17:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шарманда накун точикора суруди милли хон агар овози хуб
дошта боши
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ismoil tu mardi brat
Посух додан
  • Amin

  • 20 январ 2014 23:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Марди бародаро ту метавони обруи Точиконро боло бардори ас ту мо умеди биёр дорем бародар одоб боши бародар Master Ismail
Посух додан
  • j,uru

  • 25 август 2014 12:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дига чи наёфтен обу рутона ба реп баланд мебарорен

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!