Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

Қарори Убайдуллоев дар бораи Рӯзи забон, ки ба зодрӯзи президент рост меояд

2 октябр 2013, 14:29

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, қарор кардааст, 5-уми октябр дар пойтахт, бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ, ки ба зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рост меояд, чорабиниҳои оммавӣ гузаронида шаванд.

Тибқи қарори Убайдуллоев, мақомоти фарҳанги шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ вазифадор шудаанд, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ шоми 5-уми октябр, дар Боғи устод Рӯдакӣ, Муассисаи давлатии “Боғи пойтахт”, “Дӯстии халқҳо”, “Кӯли ҷавонон”, боғи ба номи С.Айнӣ, майдони “800-солагии Москва” чорабиниҳои оммавию базмҳои шеъру суруд, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ баргузор кунанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба идораи пулис ва амният дар Душанбе дастур додааст, ки дар роҳҳо ва ҷойҳои баргузории чорабиниҳо амнияти шаҳрвандонро таъмин намуда, ҳаракати нақлиётро низ назорат намоянд.

Дар Тоҷикистон соли чорум аст, ки 5-уми октябр, ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил мешавад. Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро аз 22-юми июл ба 5-уми октябр кӯчонд, ки мусодиф бо зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аст.

Нахустин қонуни забони тоҷикӣ дар пайи пофишорӣ ва талошҳои рӯшанфикрони тоҷик рӯзи 22-юми июли соли 1989, дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин, ба тасвиб расида буд. Он замон номи қонунро дар баробари тоҷикӣ вожаи форсӣ дар қавсайн низ ҳамроҳӣ мекард. Аммо ҳоло унвони қонуни забони тоҷикӣ бидуни форсӣ боқӣ мондааст. Зеро дар соли 1994 як идда аз намояндаҳои маҷлиси Тоҷикистон пешниҳод карданд, то калимаи «форсӣ» аз унвони қонуни забони тоҷикӣ берун андохта шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шам

  • 2 октябр 2013 14:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар зодрузи ЭШ 26-уми январ мешуд, пас иди забон ба 26-уми январ мекучонданд?)) Лаганбардорон!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зодрузи Рохбари давалтро хам Расми яъне тибки конуни ЧТ тахти ракам гузоштаанд. Аз иди харбузаву шалгаму картошка то иди Рохбари давлат ачабо...Насихат бар пешниходкунандагон ё мушовирони рохбарон аввалан дар дехотхо богчахоро баркраор кунед то ки мафкураи кудакон дуруст сабз шаванд. Афзоиш ёфтани чинояти чавонон аз хамин сарчашма мегирад биёед рузи богчаро расман кайд кунем то ки харсола дар хама дехотхои дуру наздик богчахо кушода шавад то насли чавон солим дар оянда ба чамъият даркори шавад...
Посух додан
  • Tojik

  • 2 октябр 2013 15:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Забонро ҳам хор кардед, беҳтар набуд ки ба ҷои ин исрофкори ба номи забон, онро барои омузиши он дар идораҳо ва муассисаҳо ба роҳ монед, аксарияти кормандони ҳукумат забони тоҷикиро намедонанд, шармандаҳо, матлабашонро баён карда наметавонанд...
Посух додан
  • Шодибой

  • 2 октябр 2013 16:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
эй кишвар мераксад гуед ! Оли...
Посух додан
  • shams

  • 3 октябр 2013 08:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
биёед зодрузи "падари" миллатро иди милли эълон мекунем, лекин "модар" кист, намедонам...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!