Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:38

“Русияву Чин намехоҳанд, раҳбари Тоҷикистон иваз шавад”

2 октябр 2013, 16:07

“Русияву Хитой манфиатдор нестанд, роҳбарияти кунунии Тоҷикистон иваз шавад”. Ин ҳарфҳоро Игор Панкратенко, мушовири раҳбари Пажӯҳишгоҳи сиёсати хориҷӣ (Красноярск), дар мусоҳибаи ихтисосие бо торнамои CA-News изҳор доштааст.

Вай гуфта, ки ин натиҷагирӣ ба “таваҷҷуҳи хос” ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон, ё устураи гароишҳои “русӣ” ё “хитоӣ”-и вай марбут нест. Балки, ба гуфтаи Панкратенко, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон сиёсатмадоре ҳамвазни оқои Раҳмон пайдо намешавад. ”Президенти Тоҷикистон имрӯз амнияти сармоягузори чинӣ, ҳузури низомиёни Русия ва як қатор тарҳҳои иқтисодии ин кишвар, ба монанди Сариқамиш ва “Сангтӯда-1”-ро таъмин месозад”,-илова кардааст коршинос.

Ба таъкиди Игор Панкратенко, Маскав шартҳои иловагии Раҳмонро дар мавриди зиёд кардани ҳаҷми васоил барои таҷдиди нерӯҳои мусаллаҳи кишвар қонеъ мекунад. Ин ҳам дар ҳоле ки 1-уми октябр, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қарордоди ҳузури низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия то соли 2041-ро тасвиб кард.

Аз ин пеш, Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфта буд, Амрико то анҷоми танзими тарҳи «Афғонистон баъди соли 2014» ба иваз шудани Раҳмон манфиатдор нест. Панкратенко мегӯяд, “эҳтимол, мавқеи Амрико соли 2014 тадриҷан тағйир ёбад, аммо ҳоло дар ин бора чизе гуфтан барвақт аст.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Зарина

  • 3 октябр 2013 10:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
охир Рахмон ба фоидаи Руссияву Чин кор мекунад бароихамин онхо намехоханд, ки у иваз шавад
Посух додан
  • tojik

  • 3 октябр 2013 18:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Манфиати тамоми кишвархои бегона дар боки мондани ЭР аст, манфиати мардуми Точикистон дар рафтвни ЭР. Зарина,

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!