Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:44

Талоши сафири тоҷик барои ҷалби сармояи 505 ширкати хориҷӣ

2 октябр 2013, 16:35

Тоҷикистон талош дорад, таваҷҷуҳи Асотсиатсияи соҳибкорони Баҳори Мармар “MABIAD”-ро ба лоиҳаҳои сармоягузории худ, аз ҷумла соҳаи энергетика ва нафту газ ҷалб кунад.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Фаррух Шарипов, сафири тоҷик дар Туркия рӯзи 1-уми октябр бо раҳбарият ва намояндагони Асотсиатсияи “MABIAD” дар шаҳри Истанбул мулоқот кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот Шарипов намояндагони ин асотсиатсияро бо санадҳои қонунгузории Тоҷикистон дар бахши фаъолияти сармоягузорӣ шинос карда, диққати онҳоро ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати бофандагӣ, хоҷагии қишлоқ ва коркарди меваю сабзавот, сангҳои мармару хоро, нафту газ, сохтмони биноҳои манзилӣ, диққати онҳоро ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент ва маҳсулоти сохтмонӣ дар кишвар ҷалб кардааст.

Дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии кишвар мегӯяд, соҳибкорон асотсиатяи мазкур гуфтаанд, дар моҳҳои наздик барои шиносоӣ бо фазо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба Душанбе ташриф хоҳанд овард.

Асотсиатсияи соҳибкорони Баҳори Мармар “MABIAD” соли 2005 таъсис ёфта, то кунун 505 ширкатҳои хурду бузург ба узвияти он шомил гардидаанд. Ин ширкатҳо дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт фаъолият кардла, бо аксари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷаноби Сафир.
Агар 3% Сафирони ҶТ дар хориҷа ба мисли Шумо барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар сайъу кушиш мекарданд, олам гулистон мешуд. Офарин ба Шумо
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чалби сармоя ин албата хуб аст, лекин болоравии хачми гардиши мол моёни Точикистон ва Туркия ва сармоягузори ин хизмати шахсии точирони ду кишвар аст, на каси дигар. Офарин ба онхо
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ҳақиқат ин аввалин вохӯрӣ нест ва натиҷаи ин вохӯриҳоро мо дар болоравии ҳаҷми табодули молу миёни ду кишвар дар се соли охир мебинем.
Дар ҳақиқат ҳам Ҷаноби Сафир захмат мекашанд. Офарин ба мӯҳтарам ҷаноби сафир!

Офарин ба ҷаноби Сафир!
Лаънат бар ҳасудон!

Ватандор,
Ҳама медонанд ки ширкатҳои бузург ва воқеан ҳам ҷиддӣ тавассути намяондагии ҳои расмӣ ба бозори дигар кишварҳор миоянд.
Офарин ба сафир! Заҳмат мекашанд.
Ҳасудон шарм доред!

Ватандор дар холот ҷонум иззо намекаши, ки ноҳаққи мекуни... Он коре ки ҷаноби Сафир кардаанд баҳри ободии Ватан аст. Туро дар ёд дорам ба наздики бо тахаллуси тоҷики ватандор хисоби фейсбуки кушода аз он ҷо гап занира ёд гирифти ба фикрам сухтаат гирифтааст аа... кадом ширкат бе ташаббускорӣ ва кафолат ба дигар давлат омада сармоягузори мекунад?
Посух додан
  • Иброҳимбек

  • 3 октябр 2013 18:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бобораҷаб,

Ҳар як иносни комил ва ё шахси бузург душманоне дорад, ки ноҷавонмардона ба ӯ ва ба дастовардҳои ӯ ҳасад мебаранд.
Вале ҳасудии онҳо ба худи онҳо латма ворид месозад.
Офаррин ба ташаббусҳои наҷибонаи ҷаноби Сафир!
Посух додан
  • Anvar

  • 3 октябр 2013 19:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
az hamai in vstrechaho chand kompaniya dar tojikiston shirkat kushodu faoliyat kard? iltimos ruykhat nishon dihed

az hamai in vstrechaho chand kompaniya dar tojikiston shirkat kushodu faoliyat kard? iltimos ruykhat nishon dihed
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шунидем ки имруз соати 8:30 ба вакти Душанбе дар шабакаи 1 оид ба Ҷашни Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Туркия нишон медиҳанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!